Тамоюли нав: Дар Русия шумораи занони муҳоҷир афзуд

Тамоюли нав: Дар Русия шумораи занони муҳоҷир афзуд
Вақтҳои охир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар занон ба Русия сафар мекунанд

Дар Русия тамоилҳои нав дар байни муҳоҷирон мушоҳида шудааст; на танҳо мардон, балки теъдоди зиёди занон низ ба ин кишвар сафар мекунанд, хабар медиҳад URA.RU бо истинод ба конфронси байналмилалии "Чеҳраи занонаи муҳоҷират".

Занон асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Русия мешаванд.

"То 50%-и онҳое, ки аз Қирғизистон ба Русия ворид мешаванд, занонанд. Ва ҳиссаи занони тоҷик ё туркман, ки ба Русия ворид мешаванд, ҳадди ақал 10% аз муҳоҷирони ин кишварҳоро ташкил медиҳад", - омадааст дар паём.

Коршиносони ин соҳа тамоюли навро ба таври сода шарҳ медиҳанд.

Агар қаблан занони муҳоҷир ба сифати аъзои оила ба Русия меомаданд ва қариб кор намекарданд, пас имсол тамоюли иштироки фаъолонаи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мушоҳида мешавад.

Аслан занони муҳоҷир ба ҳайси фурӯшанда, фаррош ва тамизкор фаъолият мекунанд. Илова бар ин онҳо метавонанд ба осонӣ дар ҷойҳое, ки қувваи ҷисмонӣ на он қадар муҳим аст, мардонро иваз кунанд.

Масалан, ҳамчун хаткашон ё дар истеҳсолот кор карда, бомуваффақият ба ин раванд ворид мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки пештар дар Маскав миёни муҳоҷирон озмуни зебоии "Мисс Федератсияи муҳоҷирони Русия - 2021"-ро баргузор карданд. Се зодаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Баранда Рӯшана Каримоваи 25-сола аз Ӯзбекистон буд ва зодаи Тоҷикистон Нуринисо Абдулмаинова ҷоизаи тамошобинонро гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий