Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар идораи пулиси Маскав

Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар идораи пулиси Маскав
Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешняки шаҳри Маскав ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд.
Идораи пулиси шаҳри Маскав ҳанӯз ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор накардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба идораи полиси Вешняки намояндаи худро фиристод, то ки дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса огаҳӣ ёбад. Иттилои бештар дар давоми рӯз нашр мешавад.
Айни замон, Максим Колосветов, афсари хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи ин ҳодиса ҳоло дар идораи пулиси ноҳияи Вешняки тафтишоти корӣ шурӯъ шудааст.
Ба гуфтаи Колосветов, рӯзи 21-уми ноябр як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ба идораи пулиси ноҳияи Вешняки оварда шуданд, ки бо ҷурми роҳзанӣ айбдор мешуданд.
"Шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон, ки айни замон ному насабаш ба мо маълум нест, вазъи саломатиаш бад шуда, дар идораи пулис фавтид. Пизишкони ёрии таъҷилӣ даъват шуданд ва тибқи ташхиси ибтидоии онҳо ин нафар бар асари бемории дил даргузаштааст", - афзуд ӯ.
Ҷузъиёт ба зудӣ дар ҳамин ҷо нашр мешавад

Комментарии (0)

Оставить комментарий