Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд
Ба хотири паҳн нашудани коронавирус дар шаҳри Маскав ва ҳумои он тамоми бозору марказҳои савдо баста мешаванд
Тибқи қарори Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав аз санаи 28 март то 5 апрели соли равон дар пойтахт ҳамаи мағозаҳо, ғайр аз мағозаҳои хурокворӣ, дорухонаҳо, қаҳвахона, тарабхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва сартарошхонаҳо баста мешаванд.
Тибқи иттилои рӯзномаи “Ведомости” дар пойтахти Русия тамоми бозорҳо баста мешаванд.
Ба ин тартиб ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар бузургтарин бозорҳои Маскав, ки фаъолият мекунанд, бекор мемонанд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи ширкатҳои “Ташир” эълон кардааст, ки аз 28 то 5 марти соли равон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тамоми марказҳои савдову фароғатӣ дар пойтахти Русия ва ҳумои он, ки ба ин ширкат таалуқ доранд баста мешаванд.
Инчунин, дар шаҳри Маскав маркази савдои “Смоленский Пассаж”, “Петровский пассаж”, “Калужский”, “Калейдоскоп”, “Фестивал”, ки корпоратсияи А.Н.Д. таалуқ дорад баста мешаванд.
Ҳамчунин ду бозори бузурги шаҳри Маскав “Садовод” ва “Люблино” низ барои як ҳафта дарҳои худро мебанданд.
Комментарии (0)