Русия хориҷиёни гирифтори коронавирусро депорт мекунад

Русия хориҷиёни гирифтори коронавирусро депорт мекунад
Як рӯзи ахир дар ҷаҳон дар пайи сирояти вируси тоҷдор 4 тан кушта шуданд ва шумораи умумии қубониён ба 361 нафар расид

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки минбаъд аз Русия метавонанд гирифторони коронавирусро депорт кунанд.

Сарвазир таъкид кард, ки дар Русия вируси тоҷдор ба феҳристи бемориҳои сирояткунандаи хавфнок ворид шудааст.

Афзун бар ин, дар ҳудуди кишвар нақшаи миллии мубориза бо поҳншавии коронавирус амалӣ мешавад.

"Барои ҳамин, хориҷиёни гирифтори вирус аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд ва нисбати онҳо маҳдудиятҳои махсус ҷорӣ мешаванд", - афзуд Мишустин.

Раиси Ҳукумати Русия таъкид кард, ки кишвараш ба мубориза бо вируси тоҷдор омода аст ва дорувориву лавозимоти муҳофизатӣ фароҳам оварда шудаанд.

Коронавирус
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия низ нахустин гирифторони вирус ба қайд гирифта шуданд, ки ду тан шаҳрванди Чин мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон овозаҳои то ба Тоҷикистон расидани вируси хавфнокро рад карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий