Президент: санҷишҳои нақшавии муҳоҷирон бефоида аст
Ҳукумати Федератсияи Русия пешниҳод дорад, санҷишҳои нақшавии корхонаҳорое, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, бекор кунанд
Президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов ин масъаларо тавзеҳ дода, хубияти пешниҳодро таъкид кард.
Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро пешниҳод карда, ки тибқи он тиҷорат ё корхонае, ки фаъолона мҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегирад, аз санҷишҳои нақшавӣ озод шавад. Чанде аз ташкилотҳо ин пешниҳодро баҳсбарангез медонанд.
Онҳо бар инанд, ки бе назорати ҳукумат раҳбарияти чунин корхонаҳо метавонанд ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол кунанд.
Вале, ба гуфти президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов, чунин фикрҳо хоманд.
"Маънояш чист - ҳукумат мехоҳад, танҳо санҷишҳои нақшавиро бекор кунад. Агар тоҷир шахси боадолат бошад, санҷишҳои нақшавӣ танҳо вақти ӯро мегиранд. Вале, агар корфармо беадолат бошад дар рӯзи санҷиш ҳамаи камбудиҳоро ҳал мекунаду, нозир ягон ноқисӣ намеёбад. Дар ҳарду маврид ҳам аз санҷишҳои нақшавӣ ҳеҷ фоидае нест", - шарҳ дод Коженов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Президент қайд кард, ки дар баробари ин санҷишҳои ғайринавқшавӣ, ки дар натиҷаи чунин санҷишҳо, нақзи қонун бештар ошкор мешавад, ҳеҷ кас манъ карданӣ нест.
Комментарии (0)