Муҳоҷирон чаро дар Русия “язна” надоранд?
Дирӯз Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар буд. Яъне, ҳуқуқе, ки онро дар оғоз Худованд ба ҳар бандаи худ дода, онро ба рӯи замин раҳо мекунад. Аммо минбаъд ин ҳуқуқҳо аз ҷониби ҳамҷинсони худи бандаҳо маҳдуд мегардад.
Ин формула, яъне ҳамаи инсонҳо дар рӯи замин новобаста ба дину миллат ва назари худ ба дунё бояд баробар бошанд, дар санадҳои байналмилалӣ сабт ёфтааст ва бояд ҳатман риоя гарданд. Аммо магар чунин аст? Ин “бояд”-ро то андозае дар кишварҳое риоя мекунанд, ки дар он ҷо новобаста ба дину диёнат ва ранги пӯсту ҷои зист инсонҳои мутамаддин зист доранд. Дар кишвари мо низ пайравони адёни гуногун ва миллатҳои гуногун ба миқдори гуногун кору зиндагӣ мекунанд ва шукри Худо, дар собиқаи журналистии худ боре ҳам ба ҳодисае дучор наомадаам, ки нисбати пайравони динҳои дигар ва ё нажоду миллати дигар на аз ҷониби мақомдорон ва на аз ҷониби шаҳрвандони одӣ тарруз ё хушунате сар зада бошад.
Мардуми мо ба қавле, хеле “толирантианд”. Агар мабодо ҳабаше дар ягон деҳаи Тоҷикистон пайдо шавад ва ё уруси сайёҳе саргаштаи ин деҳа гардад, бовар кунед, камбағалтарин деҳотӣ ҳам ӯро бо беҳтарин анвои доштааш зиёфат мекунад. Пас, чаро вақте мардуми мо ба хориҷ мераванд, ин қадар азият мекашанд? Узр мехоҳам, дар хориҷа ҳуқуқи онҳо поймол намегардад, балки танҳо дар “хориҷаи дохилӣ”, яъне дар кишвари “бародари қиёматӣ” -Русия ин ҳолат ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Мо ба русҳо чӣ бадӣ кардем? Сад сол онҳо дар мулки мо кору зиндагӣ карданд, касе пишакашонро пишт гуфта наметавонист. Ҳар қонунеро, ки ба сарамон бор мекарданд, таҳаммул менамудем. Вале имрӯз мардуме, ки ба хотири як пора нон ва он ҳам ба ивази меҳнати сангин барои ободии ин кишвар ба он ҷо рафтааст, мавриди таҳқиру таҳвини гӯшношунид ва азоби ҷисмонию равонӣ мегардад. Чаро? Ҷавоби ин саволро ман тасодуфан ва он ҳам дар интернет пайдо кардам.
Русҳо ҳанӯз ба олами пешрафта ё ба забони худашон “свилизатсия” пайванд нашудаанд. Агар ҳодисаҳои тааррузу зӯроварӣ ягон- ягон мебуду ин аз ҷониби ҳукуматашон баҳои ҳуқуқӣ мегирифт, чунин гуфтан носипосӣ мебуд. Аммо тавре таи чанд соли охир дидем, ин зӯроварӣ нисбати зодагони Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон ба як қоидаи нонавиштае табдил ёфтааст. Пулис ҳам, хадамоти муҳоҷират ҳам, дигар сохторҳои ин кишвар ҳам гӯё ҳақдоранд тоҷикро беасос ҷарима кунанд, “депорт “ кунанд ва ё дар “обезянка” то вақте ки аз ӯ пул наситонанд, нигоҳ доранд. Дар таърихи Русия, ки худро ҷузъе аз Аврупо меҳисобад, шоҳони оқиле ҳам будаанд, ки тамаддунро кӯшиши аз Аврупо омӯхтан карда буданд. Онҳо замоне мутахассисонро аз кишварҳои Олмону Фаронса, Ҳолланду Инглистон даъват намуда, хостанд русҳоро ба қавли шоҳи оқили рус Пётри 1 “уму разуму” омӯзанд. Дар паи ин омӯзишҳо дар Русия аввалин донишгоҳҳҳою фабрикаю заводҳо пайдо шуданд. Шаҳрҳо бунёд гардиданд, мардуми комилан бесавод андаке ба миллатҳои соҳибтамаддун наздиктар шуданд. Вале суиқасдҳо ба шоҳони давр ва инқилобҳои паи ҳам ин равандро боздошт ва замоне фаро расид,ки русҳо ва дар баробари онҳо миллатҳои дигари вобаста ба Русия боз аз олами соҳибтамаддун дур афтоданд. Яъне, ҳарчанд имрӯз собит карданӣ мешаванд, ки бародари калони мо аз ҳамаи дастовардҳои ҷаҳони соҳибтамаддун бархӯрдор аст, ин як тарғиботи бепоя мебошад. Тасаввур кунед, ки дар Олмоне,ки ҳанӯз 70 сол пеш зери султаи фашистон қарор дошт, имрӯз 31 нафар тоҷики “штарафник”-ро аз сабаби нарасидани ҷой дар боздоштгоҳи муваққатӣ, дар СИЗО нигоҳ медоранд ва то овардани “гаравпулии” наздиконашон онҳо он ҷо байни дуздону ҷинояткорон рӯз мегузаронанд. Магар инро Аврупо ба Олмон мебахшид? Тамоми нашрияю радиою ТВ-ҳои кишварҳои аврупоӣ Ангела Меркелро “фашист” мебароварданд. Аммо чунин ҳодиса дар Свердловск рух дод (ва дар дигар шаҳру минтақаҳои Русия ҳар рӯз рӯй медиҳад) ва касе ҳам пинакаш вайрон намешавад. Ҳатто Юсуф, корманди консулгарӣ дар Екатеринбург (маълум,ки ӯ ҳам зери тарбияи бародарони русаш калон шудааст) ба муҳоҷирон гуфт, ки “консул язнаатон нест, ки давида ба наздатон ояд”. Ин Юсуф ҳеҷ фаҳмидан намехоҳад,ки консул “ язна”-и ҳамаи тоҷикони ҷабрдида дар кишвари бегона бояд бошад. Зеро ҳукумат ба ӯ бовар карда, барои ин кор ба он ҷо фиристодааст ва барои ин “язнагӣ”- у маош мегираду зиндагии серу пур дорад.
…Вақте ки ҷасади сӯхтаи Руслан Бобошеров, сокини ноҳияи Леваканти вилояти Хатлонро аз як ҷангали атрофи Маскав ёфтанд, маълум шуд, ки қабл аз куштани ин мӯзадуз нисбати ӯ коре кардаанд,ки на танҳо одами солимақл, балки девона ҳам онро раво намебинад. Ё аз нақли ду шаҳрванди тоҷик,ки кормандони ШКД-и Нагатинский Затон аз ҷои корашон, шабона бо вуҷуди он ки санадҳои лозимаро доштанд, ба он ҷо бурдааст: “То саҳар дар як тахтаи холӣ ҷой доданд. Миёнам хеле дард кард. Ба ҳамин аҳвол монданд. Дари хонаро мезанӣ-мезанӣ, як бор боз мекунад, ҳоҷатхона меравӣ, тамом…” Ҳоло “шикори муҳоҷирон” барои пулиси Русия як навъ дилхушӣ шудааст.
Дилхушие, ки ҳам табъатро чоқ мекунаду ҳам маблағ ба даст меорӣ ва ҷазое намегирӣ. Барои овардани исботи ин гуфтаҳо саҳифаи чанд газета ҳам камӣ мекунад, вале чӣ қадаре, ки дар ин бора нанависӣ, ин танҳо як дилхоликуние беш нест ва танҳо ба қавли русҳо “буря в стакане” асту халос. То замоне, ки Юсуфҳое, ки Тоҷикистон барои ҳимояи шаҳрвандони худ равон кардааст, “язна”-и муҳоҷир нашаванд ва ё то замоене,ки Русия ба ҷаҳони соҳибтаммаддун напайвандад. Аммо афсӯс, ки аз Русия то Аврупо роҳ хеле тӯлонист…

А. АҲМАДЗОДА
Комментарии (0)