Коҳиши 27 дарсадии квота барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

Коҳиши 27 дарсадии квота барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия
Ҳукумати Русия тасмим гирифтаст, дар соли оянда наздики 105 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро барои кор дар қаламрави ин кишвар ҷалб намояд

Ҳукумати Русия ба миқдори тақрибан 105 ҳазор даъватнома барои воридшавӣ ва иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони меҳнатӣ тасдиқ намудаст.

Бояд гуфт, ки имсол квота барои муҳоҷирони корӣ дар Русия нисбати соли гузашта наздики 27 дарсад коҳиш ёфтаст.

Соли 2019 квота барои 144,5 ҳазор муҳоҷир ҷудо гардида буд, ки нисбати як соли қаблӣ ҳудуди 20 дарсад камтар квота ихтисос дода шуд.

Ҳамзамон соли 2020 низ миқдори квотаҳо барои муҳоҷирон коҳиш ёфта, нисбати соли равон наздики 27 фисад кам карда шуд.

Зимнан, бояд зикр намуд, ки соли равон ба хотири дарёфти кор ба қаламави Русия  ҳудуди 2,4 миллион нафар атбои хориҷӣ вуруд шудааст.

Аз ҳама беш шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба хотири муҳоҷират ба русия омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Молдова ба Русия бидуни раводид меоянд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар соли 2019 Русия шумораи бештари қувваи кориро аз кишварҳои дигар қабул мекунад. Афзоиши муҳоҷират дар моҳҳои январ-июли соли 2019 153,91 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 қариб ду маротиба зиёд аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий