Собянин мехоҳад сафи муҳоҷирони патентдорро бештар кунад
Раиси шаҳри Маскав бар ин аст, ки муҳоҷирон набояд барои корофаринони русиягӣ қувваи арзони корӣ бошанд
Дар паи сели муҳоҷират, ки муҳошида мешавад, бояд ба шаҳрвандони хориҷӣ бештар патент дод, изҳор дошт мэри Маскав Сергей Собянин дар ҷаласа оид ба профилактикаи нақзи қавонин.
Ба гуфти Собянин ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мақсади дарёфти кор ба Маскв ворид мешаванд, бояд дар баробари сокинони маҳаллӣ расман сабт гарданд ва андоз супоранд.
Муҳоҷирон набояд барои корфармоён қувваи арзони корӣ шаванд.
"Ин муҳим аст. Мо бояд коре кунем ҳар нафаре, ки барои кор ба Маскав меояд дар баробари сокинони Маскав андоз супорад", - гуфт Собянин.
Пештар хабар дода шуд, ки Ҳукумати Маскав тасмим гирифтааст, сар аз соли 2020 арзиши патентро боз ҳам гарон кунад. Шаҳрдори Маскав тасмими гарон намудани патентро ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон арзёби намудааст.
Гуфта мешавад, ҳамакнун нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл гаронтар мешавад. Гарон намудани арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав давоми ҳар сол ба ҳукми анъана даромадаст.
Агар соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, бо гузашти ҳамагӣ ду сол онро то 5350 рубл қимматттар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки арзиши миёнаи патент дар тамоми минтақаҳои Русия ба 3.9 ҳазор рубл баробар аст.
Қаблан, раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз мақомот дархост карда буд, ки гирифтани патентро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас кунанд ва ба он дигар гарониро зам накунанд.
Комментарии (0)