Русия теъдоди пулисҳо барои муҳоҷиронро зиёд мекунад
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тасмим гирифтаанд, аз ҳисоби ихтисори нозирони роҳ теъдоди пулисҳои бахши муҳоҷиронро бештар кунанд
Гуруҳе аз кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ барои таҳкими идораи кор бо муҳоҷирони Вазорати умури дохилии Русия равона хоҳанд шуд, хабар додааст ТАСС бо такя ба манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Таъкид шудаст, ки аллакай дар бархе аз минтақаҳои Русия ихтисори кормандони БДА оғоз гардидааст.
“Дар бархе аз минтақаҳои Русия ихтисори теъдоди воҳидҳои кории нозирони БДА оғоз шуд, аммо ин коҳиш ба дастгоҳи марказии Нозироти давлатии автомобилӣ дахл нахоҳад дошт”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дар маҷмуъ ихтисори беш аз 2 ҳазор нозири роҳ дар Русия дар назар аст. Манбаъ тавзеҳ додааст, ки ихтисори нозирони роҳ ба бештар кардани теъдоди кормандони умури муҳоҷирати ВУД Русия рабт дорад.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон низ ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия феъолият дошта, ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хостори беҳбуди муносиботи пулис бо муҳоҷирон дар Русия шуд.
Комментарии (0)