Дар Русия музди меҳнати муҳоҷирони баландихтисосро поён мебаранд
Дар Русия тасмим гирифтаанд музди меҳнати шаҳрвандони хориҷии баландихтисосро қариб то якуним баробар поён фароранд
Дар Русия музди меҳнати шаҳрвандони хориҷии баландихтисосро метавонанд то якунимбаробар поён фароранд, менависад “Российская газета” бо истинод ба лоиҳаиқонуни Вазорати рушди иқтисоди Русия.
Камтарин музди меҳнат барои хориҷиёни баландихтисос дар Русия 167 ҳазор рубли русиро ташкил мекунад, ки аз ин мехоҳанд қариб то 100 ҳазорашро ихтисор кунанд.
Бояд қайд кард, ки муҳоҷирони меҳнатии баландихтисос – он қисмати шаҳрвандони хориҷие мебошанд, ки дар Русия бе квота ва ё патент ба фаъолият фаро гирифта шуда, дар муддати сол аз 2 миллион рубл боло музди меҳнат мегиранд. Ин баробар ба 170 ҳазор рубл дар як моҳ мебошад.
Ба гуфтаи Александр Сафонов, профессори Донишгоҳи молияи назди ҳукумати ФР, дар Русия мутахасисони баландихтисос – ин на танҳо “топ-менеҷерҳо”, аммо муҳандисон ва дигар кормандони моҳир мебошанд.
Ба ақидаи вай барои мутахасисон аз Чин, Чехия ва ё Маҷористон музди меҳнат дар ҳаҷми 100 ҳазор рубли русӣ метавонад мисли пешин диқатҷалбкунанда бошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод карда буданд, ки воридшудани мутахасисони баландихтисосро ба кишвар оснтар кунанд. Ғайр аз ин ниҳод пешниҳод карда буд, ки имкони тасдиқи масофавии (дистансионий) онҳоро ба роҳ монанд.
Комментарии (0)