Дар Приморский муҳоҷиронро аз ҳаққи рондани автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд

Дар Приморский муҳоҷиронро аз ҳаққи рондани автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд
Муҳоҷирони меҳнатиро ҳамакнун аз ҳаққи рондани нақлиёти мусофирбар, аз қабили автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд. Чунин қарорро чанде қабл губернатори ин манотиқ Олег Кожемяко ба тасвиб расонид

 Дар Приморский муҳоҷиронро аз фаъолият намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум мекунанд, хабар медиҳад котиботи маъмурияти ин  манотиқ.

Бар  хабари манбаъ, қарори дахлдорро губернатори ин манотиқ Олек Кожемяко ба имзо расонид ва интизор меравад он сар аз соли гузашта ҳукми қонунӣ хоҳад гирифт.

"Сар аз соли 2020 дар қаламрави Приморский муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳаққи фаъолият намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ комилан маҳрум мекунанд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Тибқи қонуни ба тасвибрасида, аз соли оянда муҳоҷирон дигар наметавонанд ба сифати ронанда дар автубусу трамвай ва троллейбесу таксӣ кор кунанд.

Зимнан гуфта мешавад, ки чунин маҳдудият ба автобусҳои баиҷора гирифташуда, ки дар масири сайёҳӣ ва ҷойҳои тамошобоб ҳаракат мекунанд, татбиқ карда намешавад.

Тибқи иттилои маъмурият, бо қонуни гардидани ин қарор беш аз 300 муҳоҷироне, ки қаблан иҷозатномаи кор дар Приморский гирифта буданд, таҳти он қарор мегиранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий