Тазоҳуроти садҳо сокини Арис дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон

Тазоҳуроти садҳо сокини Арис дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон
Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон садҳо сокини шаҳри Арис, ки пас аз таркши анбори аслиҳа аз хонаҳои худ кӯчонида шуданд, дар назди масҷиди "Акмешит" даст ба тазоҳурот зада, мулоқот бо мақомотро талаб доранд.

Ҷамъшудаҳо гуфтанд, аз ҳукумат кумак нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, то талабҳояшон иҷро нашавад, шоҳроҳи Тамерланро боз нахоҳанд кард. Бархе аз эътирозгарон мегӯянд, ба хонаҳои вайроншудаашон дар шаҳри Арис барнамегарданд ва мақомот бояд дар минтақаи дигар барои онҳо замину хона диҳанд.
Раиси шаҳри Чимкент Габидулло Абдираҳимов, ки ба назди тазоҳургарон рафт, гуфт, ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, барои барқарор кардани зербиноии шаҳри Арис маблағ ҷудо кунад. Ӯ аз ҷамъшудаҳо барои дер расидани кумакҳо узр пурсид.

Сокинони норозии Арис аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки дар шаҳрҳои Чимкент ва Туркистон барои онҳо хона диҳанд, зеро дигар ба минтақае, ки аз соли 2009 ба ин сӯ шоҳиди таркишҳост, баргаштанӣ нестанд. Вале шаҳрдори Чимкент иҷрои талаби онҳоро номумкин номид. Зеро ба гуфтаи ӯ, 150 ҳазор сокини худи Чимкент ҳоло барои хона дар навбатанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. То ҳол 42 ҳазор одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий