Давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр менамоянд

Давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр менамоянд
​Инчунин дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, фаъолияти Шуроро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти шуро мунтазам рушд намуда, имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ гарданд ва нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурии саривақтӣ андешида шаванд.


Илова бар ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ карда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкоркунии ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.

Дар фарҷом вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкорӣ дар доираи шуро тақвият дода шавад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Cарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий