“Толибон” истифодаи телефонро ба кормандони давлатӣ манъ карданд
Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии «Толибон» дастур додааст, ки истифода аз телефонҳои ҳушманд ба кормандони идороти давлатӣ мамнӯъ ва аз он ҷилавгирӣ шавад. Вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе ба шӯъбаву раёсатҳояш дастур додааст, ки ин фармонро иҷро кунанд. Дар ин бора пойгоҳи таҳлилӣ-хабарии IRAF иттилоъ медиҳад.
Дар мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ, ки 18-уми сентябр расонаӣ шуд, омадааст, ки аз рӯйи дастури роҳбари Толибон истифодаи телефони ҳушмандро дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар шуъбаҳои маориф ва мактабҳо манъ мекунад.
Дар мактуб гуфта шудааст, ки агар омӯзгорон ё кормандони соҳаи маориф аз телефонҳои ҳушманд истифода кунанд, масъулияти минбаъда ба дӯши роҳбари шуъба ё муассиса аст.
Дар ҳамин ҳол, сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст.
Мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ дар ин мавзу, ки расонаӣ шудРасонаҳои Афғонистон
Ин мамнуият дар ҳолест, ки «Толибон» қаблан истифодаи телефонҳои ҳушмандро дар муассисаҳои низомии худ манъ карда буданд. Бар асоси гузоришҳо, пас аз ҷорӣ шудани ин дастур «Толибон» садҳо телефони сарбозони худро, ки пинҳонӣ истифода мекарданд, ҷамъ оварданд.Омили аз ҷониби роҳбари «Толибон» роҳандозӣ гардидани ин дастур ифшои аксу наворҳо аз идороти давлатӣ гуфта мешавад, ки баъдан баҳси зиёдро ба вуҷуд оварда буд.
Дар хусуси он ки оё истифодаи телефони ҳушманд дар идороти худи «Толибон» низ мамнуъ аст, иттилоъ мавҷуд нест.
11:33 27 феврал
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info
Дар мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ, ки 18-уми сентябр расонаӣ шуд, омадааст, ки аз рӯйи дастури роҳбари Толибон истифодаи телефони ҳушмандро дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар шуъбаҳои маориф ва мактабҳо манъ мекунад.
Дар мактуб гуфта шудааст, ки агар омӯзгорон ё кормандони соҳаи маориф аз телефонҳои ҳушманд истифода кунанд, масъулияти минбаъда ба дӯши роҳбари шуъба ё муассиса аст.
Дар ҳамин ҳол, сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст.
Мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ дар ин мавзу, ки расонаӣ шудРасонаҳои Афғонистон
Ин мамнуият дар ҳолест, ки «Толибон» қаблан истифодаи телефонҳои ҳушмандро дар муассисаҳои низомии худ манъ карда буданд. Бар асоси гузоришҳо, пас аз ҷорӣ шудани ин дастур «Толибон» садҳо телефони сарбозони худро, ки пинҳонӣ истифода мекарданд, ҷамъ оварданд.Омили аз ҷониби роҳбари «Толибон» роҳандозӣ гардидани ин дастур ифшои аксу наворҳо аз идороти давлатӣ гуфта мешавад, ки баъдан баҳси зиёдро ба вуҷуд оварда буд.
Дар хусуси он ки оё истифодаи телефони ҳушманд дар идороти худи «Толибон» низ мамнуъ аст, иттилоъ мавҷуд нест.
11:33 27 феврал
Толибон аксу наворбардорӣ барои расонаҳоро ҳам манъ карданд
Бо ба сари қудрат омадани «Толибон» як қатор маҳдудиятҳо дар ин кишвар ҷорӣ гардид, ки аксари онҳо ба ҳуқуқи духтарону занон рабт дорад. Аз ҷумла, онҳо таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, садои занҳо дар расонащо, кӯчаву бозор, инчунин, сайругашти онҳо дар кӯчаҳо ва ғайраро манъ карданд.Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)