Ҳалокшудагон нест: Қирғизистон теъдоди захмиёнаш дар муноқишаи марзиро гуфт

Ҳалокшудагон нест: Қирғизистон теъдоди захмиёнаш дар муноқишаи марзиро гуфт
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи вазъ дар марз ҳарф зада, шумори захмиёнро дар муноқишаи ахир гуфт

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон талафоти ҷонӣ надоштааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

11 низомии қирғиз захмӣ шуданд, ҳалокшудагон ба қайд гирифта нашудааст.

Вай таъйид кардааст, ки то ин замон вазъ дар марз нисбатан мӯътадил арзёбӣ мешавад. Сардори КДАМ дар Бодканд аст.

Ташиев ҳамчунин афзуд, ки барои муайян кардани сабабҳои дақиқи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 27-уми январ рух дод, як комиссия таъсис дода мешавад.

Илова бар ин, вай афзуд, ки соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ музокироти дуввум бо ҷониби Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

"Дар ин гуфтугӯҳо ҳама масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Президент Содир Ҷабборов шабона вазъро таҳти назорат дошт, то ҳоло бо мо дар тамос аст", - афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар кушта ва 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҷараёни тирпарронӣ як сокини маҳаллӣ ва як ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ кушта шуданд.

Дар миёни захмиён 6 низомӣ ва 4 ғайринизомӣ низ буданд.

Сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиеви 36-сола бар асари таркиши миномёт аз ҷониби низомиёни Қирғизистон ва ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ Абдулатиф Шарифови 62-сола кушта шуданд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.

Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.

Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.

Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.

Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.

Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.

Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.

Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.

Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий