Боздошти роҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон: аз ронандагон пора мегирифтанд - видео
Дар миёни боздоштшудагон муовини аввали мудир, сардори Ситоди кулли Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ ҳастанд
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бархе аз роҳбарони Хадамоти марзбонии ин кишварро бо гумони даст доштан дар фасоди молӣ боздошт кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии КДАМ.
"Муайян карда шуд, ки масъулини гузаргоҳи "Достук-автодорожный" таҳти сарпарастии раҳбарони алоҳидаи Хадамоти сарҳадӣ мунтазам аз онҳое, ки аз марз убур мекунанд, асосан аз шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ронандагони мошинҳои боркаш пора мегирифтанд", - омадааст дар хабар.
Парванда бар асоси моддаи 325-и Кодекси ҷиноятӣ, гирифтани ришва аз ҷониби як гурӯҳи ашхос баррасӣ мешавад.
Ҳамин тавр сардори гузаргоҳи "Достук -автодорожный" А.Э., сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Ош Ч. Н. ва ҳамчунин муовини сардори Ситоди кулли Хадамоти сарҳадӣ К Б. боздошт шудаанд.
Онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Ӯш нигаҳдорӣ мешаванд.
Манбаъ афзуда, ки дигар маворид ва соири шахсони мансабдори муртабит ба ин қазия муайян карда мешаванд.
Комментарии (0)