Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад

Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад
Гирифтани шиноснома барои шахсони бешаҳрвандии сокини ин кишвар дар Ӯзбакистон осонтар хоҳад шуд

 Сенати Ӯзбекистон бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузори кишвар гирифтани шаҳрвандӣ барои шахсони бешаҳрвандиро осон кард, хабар медиҳад маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.

Ҳамин тариқ, тағйирот дар қонунгузорӣ ба баъзе шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба таври содда соҳиби шиносномаҳо гарданд:

шахсоне, ки то 1 январи соли 2005 дар ҷои истиқомати доимӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд ва қаблан шаҳрвандии давлати хориҷӣ надоштанд;онҳое, ки 15 сол боз дар Ӯзбекистон ба ҳайси шахси бешаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, шумораи шахсони бешаҳрвандӣ дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт.

Қаблан раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки тақрибан 20 ҳазор нафар афроди бешаҳрвандӣ, ки то соли 2005 дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба таври худкор шиносномаҳои кишварро хоҳанд гирифт.

Қонун пас аз имзои президент ба иҷро медарояд.

Соли гузашта қариб 50 ҳазор шахсони бешаҳрвандӣ шиносномаи Ӯзбекистонро гирифтанд. Шарти гирифтани ҳуҷҷат истиқомат дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 1995 буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий