Агар медонистед дар марз ҷанг мешавад, чаро ба Олмон парвоз кардед? - посухи Тошиев: видео

Агар медонистед дар марз ҷанг мешавад, чаро ба Олмон парвоз кардед? - посухи Тошиев: видео
Рӯзноманигор аз Тошиев суол кард, ки чаро рӯзи парвози Тошиев ба Олмон ва санаи оғози таниш дар марз рост омад (пештар Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки аз оғози низоъ дар марз мақомот огоҳ буд - шарҳ аз идора)

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳангоми боздид аз деҳаи Мақсати ноҳияи Лейлак, ки ҳангоми муноқиша дар марз хароб шудааст, ба саволҳои хабарнигорони Sputnik Қирғизистон посух дод.

Хабарнигор аз Тошиев суол кард, ки чаро рӯзи парвози Тошиев ба Олмон ва санаи оғози таниш дар марз рост омад (пештар Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки аз оғози низоъ дар марз, мақомот огоҳ буд - шарҳ аз идора).

Аз Тошиев пурсиданд, ки оё КДАМ имкони пешгирӣ аз низоъро дошт?

"Ҳеҷ кас намедонист, ки муноқиша мешавад, донистани ин ғайриимкон аст. Аммо мо медонистем, ки то андозае вазъ дар марз шадидтар мешавад. Мо чораҳои дахлдор андешидем. Бовар дорам, ки ин чораҳо ба мо то андозае кумак карданд", - гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Қирғизистон барои барқарор кардани хонаҳои тахрибшуда аз Тоҷикистон кумак намепурсад.

"Мо кумак напурсидем. Дар муддати кӯтоҳ мо ҳар як хонаро мустақилона барқарор мекунем. Мо мардумро бо чизҳои барои ҳаёт ва иқтисод зарурӣ таъмин хоҳем кард. Мо нақша тартиб додем, ки тибқи он, дар марҳилаи дуввум, мо ба шаҳрвандон бо қарз ва молу мулки гумшуда (чорпоён, мошинҳо) кумак мерасонем. ҳоло онҳо дар хаймаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон зиндагӣ мекунанд", - гуфт ӯ.

Тошиев таъкид кард, ки мақомот тасмим доранд, то моҳи сентябр тамоми хонаҳоро барқарор кунанд.

Ёдрас мешавем, ик пештар Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, дар мулоқот бо сокинон гуфт, мақомоти кишвараш аз "эҳтимоли задухӯрди мусаллаҳона дар марз" хабар дошт ва барои ҳамин дар Ботканд техникаи ҳарбиро омода карда буд.

"Аз ҳамин сабаб мо задухӯрди калонро дар рӯзи авал пешгирӣ кардем. Қувваи мо мерасид, аммо мо аз масали "барои кайк шуда пӯстинро насӯзон" истифода кардем", - гуфт роҳбари КДАМ.

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.

Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.

Худи ҳамон рӯз, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, барои табобат озоми Олмон, вале рӯзи дигар бозгашт.

"Субҳи 28 апрел бинобар бад будани вазъи саломатӣ ба Олмон парвоз кардам, аммо дар робита ба вазъи феълӣ бармегардам, ҳарчанд то беморхона ҳам нарасидам", - гуфта буд Тошиев.

Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.

Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.

Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.

Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.

Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.


Комментарии (0)

Оставить комментарий