Раҳбари ҷангии ҳазораҳо бо фишори эътирозгарон озод шуд
Мақомоти Афғонистон раҳбари ҷангии ҳазораҳоро, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам шудааст, бо васиқа ва баъди эътирозҳои чандрӯза аз боздошт раҳо кард.
Дафтари ноиби президент Сарвар Дониш рӯзи 26 ноябр гуфт, ки Абдул Ғанӣ Алипур, раҳбари артиши хусусӣ дар Афғонистони марказӣ, аз боздошт озод шуд, аммо муфаттишон ба таҳқиқи парванди ӯ идома медиҳанд.
Алипур, намояндаи ақалиятҳои шиамзҳаби ҳазора, рӯзи 24 ноябр дар Кобул боздошт шуд. Раҳоии ӯ аз боздошт баъди тазоҳуроти дурӯза ва даргирии садҳо тарафдораш бо пулис имконпазир шуд.
Ба гуфтаи Вазорати дохилии Афғонистон дар ҷараёни даргириҳо 48 сарбози пулис захм бардошт ва 8 постгоҳи амниятӣ ба коми оташ рафт. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодисаҳо касе кушта нашудаст.
Мақомоти беҳдошти Афғонистон теъдоди тазоҳургарони маҷруҳро 19 нафар шумурданд. Аммо ба иддаои эътирозгарон пулис ба сӯи онҳо тир кушод ва дастикам се нафарро ба ҳалокат расонд.
Хадамоти амнияти Афғонистон Абдул Ғанӣ Алипурро ба таъсиси артиши хусусии иборат аз 350 сарбози мусаллаҳ муттаҳам мекунад. Алипур мегӯяд, ӯ танҳо ҳазораҳоро аз Толибон, гурӯҳи паштунтабори Афғонистон ҳимоят мекунад.
Комментарии (0)