Никол Пашинян сарвазири Арманистон таъйин шуд
Президенти Арманистон Армен Саркисян фармони ба вазифаи сарвазирии ин кишвар таъйин шудани Никол Пашинянро имзо кард. Фармон дар сомонаи расмии президент нашр шудааст.
Пашинян баъд аз эътирозҳои оммавӣ дар моҳи майи соли гузашта сарвазири Арманистон шуда буд. Тазоҳургарон ба раҳбарии Серж Саргсян ва ҳизбаш эътироз баён карда, гуфтанд, ӯ мехоҳад, баъди ду давраи президентӣ давраи севум низ ҳамчун сарвазир кишварро раҳбарӣ кунад.
Миёнаҳои моҳи октябр Пашинян аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод ва муваққатан иҷрои ин вазифаро бар дӯш гирифт. Ибтидои моҳи ноябр президенти Арманистон порлумонро пароканда эълон ва фармон дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатиро имзо кард. Ин фармон баъди он содир шуд, ки порлумон ду навбат натавонист, сарвазири навро таъйид кунад.
Пашинян дар давраи роҳбарияш фурсат пайдо кард, ки ҳамаи роҳбарони вилоятҳои кишварро иваз кунад, маъракаи зидди фасодро ба роҳ монад ва ҳаҷми даромади буҷаро аз ҳисоби андоз афзоиш диҳад.
9 декабр дар интихоботи порлумонии Арманистон эътилофи "Иқдоми ман"-и иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Никол Пашинян 70,43 дарсади раъйи мардумро ба даст овард.
Ҳизбҳои "Арманистони рӯ ба рушд" ва "Арманистони бомаърифат" бо касби мутаносибан 8 ва 6 дарсади раъй вориди порлумон шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ки дар гузашта ҳизби ҳоким буд, ба порлумон роҳ наёфт. Ба ин ҳизб ҳамагӣ 4,7%-и сокинон раъй додаанд.
Комментарии (0)