Дар марзи Узбакистону Қазоқистон маркази тиҷории байналмиллалӣ бунёд меградад

Дар марзи Узбакистону Қазоқистон маркази тиҷории байналмиллалӣ бунёд меградад
Узбакистон ва Қазоқистон барои тавсеаи хадамоти пуштибонӣ ва таомулоти марзӣ, аз эҷоди маркази тиҷории байналмиллалӣ дар марзи ду кишвар хабар доданд.

Кайрат Турабоев муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон рӯзи шанбе дар Тошканд пойтахти Узбакистон гуфт, ду кишвар тавофуқ кардаанд, то марказҳои тиҷории байналмиллалии ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ дар марзи байни Узбакистон ва Қазоқистон эҷод шавад, иттилоъ одааст хабаргузории Parstoday.

Турабоев бидуни ишора ба замони оғози иҷрои ин тарҳ афзуд, барои истиқрори ин марокизи тиҷории байналмиллалӣ 5 маҳал шиносоӣ шудааст.

Вай гуфт, истиқрори ин марказҳои тиҷорӣ муҷиби тавсеаи гардишгарии байналмиллалӣ, беҳбуди хадамоти пуштибонӣ ва барқарории тиҷорати марзӣ хоҳад шуд.

Муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон таъкид кард, дар марҳилаи оғозини иҷрои ин тарҳ 10 ҳазор шуғл ва дар марҳилаи баҳрабардорӣ аз ин марказ 40 ҳазор фурсати шуғлӣ эҷод хоҳад шуд.

Қазоқистон яке аз бузургтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон ба ҳисоб меояд ва ҳаҷми мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар 10 моҳи гузашта аз ду миллиард доллар фаротар рафтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий