Сармуҳаррир баъди нашри хабари «истеъфо»-и муфтӣ барканор шуд
Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард.
«10 сентябри соли ҷорӣ дар идораи «Azon New Media» ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд», — омадааст дар хабари идораи ин расона.
10 сентябри соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон иттилоъ доданд, ки муфтии Ӯзбекистон аз мақом барканор шудааст. Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ин хабарро рад кард.
Муфтӣ Усмонхон Олимов аз соли 2006 ба ин тараф дар мақоми мазкур фаъолият дорад. Соли 2018 вай шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори дунё шуда буд.

Комментарии (0)