Роҳбари барномаҳои тавлидкунандаи "Боинг 737 MAX" истеъфо медиҳад
Роҳбари барномаи тавлиди ҳавопаймоҳои "Боинг 737 MAX", ноиб-президенти ширкати Boeing Эрик Линдблад истеъфо медиҳад. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ бо такя ба номаи мудири шуъбаи фаъолияти тиҷории ширкати Кевин Макалистер иттилоъ медиҳад. Марк Ҷеникс Линдбладро иваз мекунад.
Истеъфои Линдблад дар ҳоле сурат мегирад, ширкати мазкур даргири мушкили "Боинг 737 MAX" аст. Баъди ду суқути ин навъи ҳавопаймо парвозҳои "Боинг 737 MAX" дар саросари ҷаҳон манъ шуд. Дар ду суқут бештар аз 300 одам кушта шуд. Ба иттилои пешакӣ, эҳтимол дорад, иштибоҳ дар нармафзорҳо боиси суқути ҳавопаймоҳо шудааст. Ширкат мегӯяд, иштибоҳро ислоҳ кардааст.
Бештар аз 400 халабон зидди Boeing даъвои дастаҷамъӣ бурдаанд. Онҳо барои пинҳон кардани нуқси ҳавопаймоҳои "Боинг 737 MAX" аз ширкат "ҷуброни миллионӣ" талаб доранд.
Манъи парвозҳои ин навъи ҳавопаймоҳо ба ширкат як миллиард доллар зарар овард. Ширкат мегӯяд, фурӯши "Боинг 737 MAX" ба сифр расидааст.
Линдблад 34 сол дар ширкати Boeing фаъолият кард.

Комментарии (0)