16 НОЯБР ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД.Ба ифтихори мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали НБО «Роғун»

16 НОЯБР ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД.Ба ифтихори мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали НБО «Роғун»
Гузашти ҳар лаҳзаву ҳар соат  моро ба 16 ноябри соли 2018-Рӯзи Президент боз ҳам наздиктар месозад. Ин санаи фархунда дубора дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик гардиши куллие ба миён меорад. Боз саҳифаи китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол  ин рӯзро ба ҳукми тақдир барои кишваре бо номи  Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нуру нурборон   ба қалам медиҳад.
Агар   16 ноябри аввал бо оғози  Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон  ба қалби мардум умеду боварӣ бахшида бошад, пас 16 ноябри дигар ба хонадони мардум нуру сафо хоҳад бахшид.
Тоҷикистон – ин диёри файзхезу сабздомон, сарзамини ганҷхезу    зарфишон, саргаҳи обҳои поку мусаффо ва  меҳани фарзонагони илму хирад  боз шоҳиди як рӯйдоди бузурги таърихӣ хоҳад шуд, зеро 16 ноябри соли равон чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад.
29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш баста гардида, ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд.
Дар он рӯзи фаромӯшнопазир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, ҳусни оғоз бахшиданд ва  онро «яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат дар рӯзи оғози корҳои сохтмонии сарбанди ин иншооти муҳим зикр намуданд:
«Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.»
16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз  ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои  заррин сабт   хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда  чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги  аср — Неругоҳи барқи обии  «Роғун»  ба кор дароварда шавад. Тадбиқи чандин лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон барои  расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳим-  истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Тавре Сарвари давлат гуфтаанд:
 «Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи заҳмату талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар мебошад, ки дар натиҷа имрӯз шиддати норасоии неруи барқ хеле коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид».
Сарфи  назар аз ҳама мушкилиҳо,  бо  шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода дар  Тоҷикистон, рушди бомарому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат  таъмин гардид.
Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.  Ҳамин буд, ки Тоҷикистон қадам ба қадам ба истиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва тавре Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, бе сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест,  ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст. Аҳамияти дигри  хеле муҳим  ва минтақавӣ доштани  Неругоҳи барқи обии «Роғун»-  ин ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ будани лоиҳаи бунёди неругоҳ мебошад ва  татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.
«Сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне неругоҳи «Роғун», ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсус талаб менамояд. Бинобар ин, таъкид месозам, ки бунёди неругоҳи «Роғун» кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест. Аз таҷрибаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак», ки 18 сол давом кард, мо медонем, ки бунёди чунин иншооти бузург муҳлати муайян талаб мекунад, ки он ҳам аз талаботи технологияи сохтмони сарбанд ва ҳам аз муддати марҳала ба марҳала пур кардани обанбор бармеояд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи неругоҳи “Роғун” ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Бо баҳои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон аз лиҳозӣ истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ё таҷдидшаванда ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ман фикр мекунам баъди истеҳсоли НБО «Роғун» ин зина боз чанд маротибаи дигар баландтар мешавад. Ин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз проблемаҳои глобалӣ, яъне тағийрёбии иқлим ё ин ки гармшавии иқлим бисёр беназир аст»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Дар баробари ин бартариятҳо, аҳамияти дигари  хеле муҳим  ва минтақавӣ доштани  Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ин таъсири мусбат расонидан ба ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика мебошад.
«Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад.
Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд»,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон дар масъалаи НБО «Роғун».
Омӯзиши пайваста ва таҳқиқи ҳамаҷониба дар мавриди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони дигар неругоҳҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон бо  бунёди  ин неругоҳҳо  на танҳо манфиати дохилӣ, балки кулли кишварҳои минтақаро ба инобат гирифтааст. Хусусан дар шароите, ки тағийрёбии иқлим, хушксолӣ ва  норасоии об  торафт бештар эҳсос мегардад.
Ҳамкории густурда бо кишварҳои ҳамсоя дар самти амалӣ сохтани нақшаҳои судманд доир ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои доимии ҷониби Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Ин раванд хусусан дар ҷараёни бунёди неругоҳҳо боз ҳам бештар мавриди таваҷчуҳ қарор мегирад.
Ба гуфтаи Сарвари давлат,  «Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузург мегузорад. Вобаста ба ин, ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем.»
Дар  маҷмӯъ,  бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти  бузург буда, чархаи нахустини ин иншооти  бузурги аср ҳамагӣ баъд аз рӯзҳои башумор  ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба  истифода дода мешаванд. Дар ин росто, кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро  дар оянда аз он баҳра мебинанд. Аз ин ҷост,  ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин иншооти стратегӣ-  НБО «Роғун»-ро ҷабҳаи созандагӣ ба хотири ободӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон  арзёбӣ намудаанд. Фаъолият  ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар ин иншооти бузург барои ҳар фарди ватандӯст –коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи   ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар  иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат  ба он тавъам мебошад.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат  дар рӯзи бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун»   кулли  кормандон, мутахассисону муҳандисон ва пудратчии асоии ин иншоотро бо рӯйдоди бузурги таърихӣ  самимона  таҳният гуфта, тақвияти корҳоро ба хотири фардои дурахшон таъкид намуда, изҳор доштанд:
 «Ман   бо камоли ифтихор кулли мардуми шарифи кишвар, хусусан шумо, бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун», лоиҳакашону бинокорон, кормандони муҳандисиву техникии ин ҷабҳаи барои Ватани маҳбубамон тақдирсоз, инчунин роҳбарону мутахассисони ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва махсусан, пудратчии асосии бунёди сарбанд – ширкати «Салини Импреҷило» — ро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ сидқан табрик мегӯям. Ҳозир бояд кор кунем, шабу рӯз заҳмат кашем. Ватани азизу маҳбуби худро бояд созем, обод кунем ва ба наслҳои оянда, ба наберагону аберагони худ як мулку як давлати пешрафта ба мерос гузорем»
Инак, гузашти вақту соат ва лаҳзаҳои интизорӣ моро боз ҳам ба як рӯз ва рӯйдоди муҳими таърихӣ наздик месозад. 16 ноябр —  дар ин рӯзи фархунда  чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги  аср — Неругоҳи барқи обии     «Роғун»  ба кор дароварда мешавад ва то ин санаи таърихӣ     чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Саидҷаъфар АШӮРЗОД,
АМИТ «Ховар

Комментарии (0)

Оставить комментарий