Шубҳаи ҷиддии аудиторон аз фаъолияти “Барқи тоҷик” дар ояндаи наздик

Шубҳаи ҷиддии аудиторон аз фаъолияти “Барқи тоҷик” дар ояндаи наздик
Ташхиси аудитории "Барқи Тоҷик" собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ки нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси ин хабаргузорӣ шудааст, аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи Тоҷик"-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст.
Гуфта мешавад, аудиторон пас аз ташхиси дахлу харҷи "Барқи Тоҷик" муайян кардаанд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияти худ 3 миллиарду 406 миллиону 156 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Аудиторони ширкати MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL дар яке аз бандҳои хулосаашон навиштаанд, фаъолияти "Барқи Тоҷик" "бо номуайянии амиқ" рӯ ба рӯ аст.
Қайд шудааст, ки бар замми зиёни молиявии беш аз 3-миллиардӣ, уҳдадориҳои молиявии ҳолдинг аз дороиҳои кӯтоҳумуддат дида 8,5 миллиард сомонӣ бештар будааст.
Зикр мегардад, ки бо назардошти ин вазъият, аудиторон дар хулосаашон навиштаанд, "ин ва дигар масъалаҳо номуайнии амиқро" дар кори ширкат нишон медиҳанд ва "имконияти идомаи фаъолияти гуруҳро (манзур ширкати "Барқи Тоҷик") дар ояндаи наздик зери шубҳаи ҷиддӣ қарор медиҳад.
Қарзи умумии ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали нимсолаи дуюми соли равон беш аз 15,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ширкати дорои қарзҳои ҳангуфт
Ҳаҷми он аз рӯи қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аввали соли равон ба 11 млрд. сомонӣ баробар мебошад.
Ғайр аз ин, ба аввали нимсолаи дуюми соли равон ширкат аз андоз – 109,2 млн. сомонӣ, назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 – 1 млрд. сомонӣ, нерӯгоҳи Сангтӯда-2 – 1 млрд. 221,5 млн. сомонӣ, ҳамчунин ҶСК “Ориёнбонк” – 1,8 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби хариду таъминот бо ангишт – 14,8 млн. сомонӣ қарздор аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий