Раиси Бонки Ҷаҳонӣ истеъфо дод

Раиси Бонки Ҷаҳонӣ истеъфо дод

Ҷим Ён Ким, раиси Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи душанбеи 7-уми январ пеш аз он, ки давраи раёсаташ дар ин ниҳоди байналмилалӣ ба поён бирасад, гуфтааст, то охири моҳи ҷорӣ аз мақоми худ канор хоҳад рафт.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз" Ҷим Ён Ким, ки давраи раёсаташ дар Бонки Ҷаҳонӣ соли 2022 ба поён мерасид, гуфтааст, ки бо ҳукумати Доналд Трамп дар чанд масъала, аз ҷумла тағйироти иқлимӣ ва манбаъҳо, ихтилофи назар доштааст. 

Ҷим Ён Ким дар соли 2012 аз сӯи Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба унвони раиси Бонки Ҷаҳонӣ таъйин шуда буд. Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки Ҷим Ён Ким аз замони сари қудрат омадани Доналд Трамп талош карда буд, то аз мухолифати ошкоро бо ӯ худдорӣ кунад. 

Оқои Ҷим дар номае ба кормандони Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки сар аз оғози моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақоми худ канорагирӣ мекунад ва ба бахши хусусӣ хоҳад рафт, ки бештар дар кишварҳои дар ҳоли рушд сармоягузорӣ мекунад. 

Ҷим Ён Ким навиштааст, "пайвастан ба бахши хусусӣ бароям ғайриинтизор буд, аммо ба ин натиҷа расидаам, ки ин роҳе аст, ки метавон дар масоили ҷаҳонӣ монанди тағйироти обу ҳаво, камбуди зерсохтҳо дар бозорҳои навпайдо бештарин таъсирро дошта бошам."

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамин ҳол эълон кардааст, ки Кристалина Георгиева Иванова, мудири иҷроии ин бонк ба унвони ҷойнишини муваққати Ҷим Ён Ким то таъйин шудани раҳбари нави БҶ, дар ин мақом фаъолият хоҳад кард. Кристалина Георгиева Иванова шаҳрванди Булғористон аст ва пеш аз ин дар Иттиҳодияи Аврупо кор мекард.

Ду манбаъ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, Ҷим Ён Ким бо хоҳиши худ аз раёсати Бонки Ҷаҳонӣ истеъфо кардааст ва барои канор рафтан аз ин мақом таҳти фишор набудааст.

Ба таври суннатӣ раёсати Бонки Ҷаҳониро Амрико интихоб мекунад ва оқои Ким, як шаҳрванди амрикоӣ-кореягӣ соли 2012 аз сӯи ҳукумати Амрико ба ин мақом интихоб шуд. Вай дар соли 2017 барои бори дувум ба ин мақом таъин шуд ва қарор буд то соли 2022 дар симмат фаъолият кунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий