Оғози мавсими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ

Оғози мавсими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ
Сар аз рӯзи 17 июл мавсими Ҳаҷ барои мусалмонон дар Арабистони Саудӣ оғоз ёфт. Вале ба далели пандемия на ҳама имкони ба ҷо овардани ин рукнро доранд.

Имсол ба зиёрати хонаи Худо 60 ҳазор кас мераванду халос. Инҳо ҳам сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое, ки дар Арабистони иқомат мекунанд, мебошанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ моҳи июл изҳор доштанд, ки афроди аз 18 то 65 - сола, ки алайҳи коронавирус худро эм кардаанд, имкони адо намудани Ҳаҷро доранд.

Маросими асосии Ҳаҷ рӯзи 19 июл баргузор гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий