Дар Дания пӯшонидани рӯйро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд
Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten.
Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ҷарима аллакай 10 ҳазор кронро ташкил медиҳад.
Қонун ба эътирозҳои онҳое, ки қонунро табъйиз меҳисобанд нигоҳ накарда, қабул карда шуд.
Комментарии (0)