Боздошти 4 "крутой" бо мошинҳояшон

Боздошти 4 "крутой" бо мошинҳояшон
Яке аз қоидавайронкуниҳое, ки боиси ба вуҷудоии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва халал расонидан ба ҳаракати бемайлони дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегардад, ин ҳаракати гурӯҳӣ ва дар қатораи автомашинаҳои тӯёна бо қоидавайронкунӣ ва сабқати нодуруст (манёвр) идора намудани воситаҳои нақлиёт мебошад. Вобаста ба бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт аз ҷониби нозирони роҳ тамоми чораҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла рӯзи якшанбеи санаи 14-уми июли соли 2019 маълум карда шуд, ки як қатор воситаҳои нақлиёт, ки дар тӯйи домодиву арусӣ хизматрасонӣ мекарданд ва тавассути кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ ҳаракат доштанд, воситаҳои нақлиётро бо қоидавайронкунӣ ва сабқати нодуруст идора намуда, боиси тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидаанд. 
Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати ронандагони зерин барои қоидаваронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
550
Солиев Зокир Рустамович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақамҳои қайди давлатиаш 9074 НА 01;
551
Наҷмов Хуршед Ҷамшедович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 0010 DK 01;
552
Раҷабов Муҳаммад Умарович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Галенваген», рақамҳои қайди давлатиаш 1616 JJ 01;
553
Асоев Ҷамолиддин Аббосович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Галенваген», рақамҳои қайди давлатиаш 7000 DY 01.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Комментарии (0)

Оставить комментарий