Додситони кулл: маҳбусон аз нон заҳролуд шудаанд
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабариаш гуфт, ки заҳролудшавии маҳбусон аз нон зимни интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе имкони зиёд дорад ва ҳоло гурӯҳи махсуси додситонӣ қазияро таҳқиқ мекунад. Ӯ гуфт ин ки онҳо заҳролуд шудаанд, дигар аниқ аст, вале аз нон заҳролуд шудаад ё аз чизи дигар, таҳқиқот нишон медиҳад. Нишасти хабарии ӯ имрӯз, 16 июл баргузор гардид.
Дар ҳамин ҳол додситони кулл латукӯб шудани маҳбусон зимни интиқолро рад кард. қаблан дар расонаҳо акси ду нафар аз ин маҳбусон нашр шуда буд. ки дар баданашон асари латукӯб дида мешуд. Ҳамчунин наздикони онҳо гуфта буданд асари латукӯб ва шикастагиву хунрезиро мушоҳида кардаанд.
Аммо Юсуф Раҳмон бо сароҳат латукӯбшавии маҳбусонро рад кард: “Бо масъулият мегӯям, ки ягон маҳбус аз латукӯб ҷон надодааст, нишони латукӯб ё зӯроварӣ дар онҳо дида нашудааст” — гуфт ӯ.
Юсуф Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт интиқоли маҳбусон аз Хуҷанд ба Душанбе тибқи нақша сурат гирифта буд ва 14 нафар кушташуда дар Ваҳдат даст надоштанд. Ӯ гуфт вазъи саломатии ду маҳбусе, ки зинда монданд хуб аст.
Додситони кулли кишвар дар ҳоле фарзияи Вазорати корҳои дохиларо тасдиқ мекунад, ки таҳқиқотҳои журналистии чанд расона ботил будани онро пурра собит кардаанд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ онро ба боди масхара кашидаанд.
ПАЁМ

Комментарии (0)