Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад
Аз оғози соли равон истеъмолгарони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми наздики 70 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифтанд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини аввали роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода.

Ӯ қайд кард, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон барқарор шуд, 54 млн. метри мукааб газ ворид шуд.

Ба гуфтаи Шоимзода, истеъмолгаргони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон айни замон асосан корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

“Тӯли беш аз шаш сол интиқоли газ боздошта шуда буд, аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар самти барқарор намудани зербино дар дохили кишвар корҳои зиёдеро анҷом дода, давра ба давра интиқоли онро зиёд кунем”, - илова намуд номбурда.

Пас аз аз таваққуфи шашсола аввали моҳи апрели соли гузашта интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора аз сар гирифта шуд.

Истифодабарандаи асосии гази табиӣ аз Ӯзбекистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки наздики 80% аз ҳаҷми умумии воридот ба он рост меояд.

Ҳамчунин ба ҷуз истеъмолгарони пойтахт, аз гази Ӯзбекистон баъзе корхонаҳои начандон бузурги воқеъ дар наздикии роҳи марказӣ дар ғарби Душанбе - дар Ҳисору Турсунзода низ истифода мекунанд.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20190716/intioli-gazi-tabi-az-zbekiston-ziyod-meshavad

Комментарии (0)

Оставить комментарий