Ҳаракати эҳтиёткоронаи Ҳинд ба самти Тоҷикистон
Ҳинд дар Тоҷикистон ва минтақа бештар фаъол мешавад ва ба гуфтаи коршиносон барои амалӣ шудани ҳадафҳои стратегӣ ва дарозмуддати он монеаҳо вуҷуд дорад.
Моҳи моҳи июл шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки Ҳинд барои сохтмони роҳи мошингарде аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут бештар аз 46 миллион доллар ихтисос додааст. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҳинд дар Тоҷикистон Сомнат Гош сохтмони ин қитъаи роҳро оғоз бахшиданд, ки 9,2 км дарозӣ, 40 метр паҳноӣ дорад.
Ба ҳамин тартиб, Ҳинд бори дигар саҳми худро дар ҳамкориҳо бо Тоҷикистон гузошт, ки Душанбе онро як шарик ва сармоягузори билқувва мебинад. Миёни доираҳои коршиносии тоҷик ва байналмилалӣ соли аввал нест, ин андеша вуҷуд дорад, ки имконоти дар ҳоли рушди Ҳинд бешубҳа ба тавсеаи ҳадафҳои геополитикии он мусоидат мекунанд ва кишварҳои минтақа бояд аз ин истифода кунанд, аз ҷумла барои ҳифзи тавозун дар баробари Пекин.
Чунин ақида бешак асосҳои қавӣ дорад. Ҳинд сарфи назар аз доштани мақоми “кишвари дар ҳоли рушд” ва сатҳи баланди фақр, тавонистааст, ки баъди Амрикову Чин иқтисоди сеюми ҷаҳон шавад. Суръати рушди иқтисодиаш миёни иқтисодҳои бузургтарини ҷаҳон аз ҳама баландтар аз 6,7% дар соли 2017 ба 7,5% дар соли 2019 расидааст.
Додихудо Қадамзода, коршиноси тоҷик мегӯяд: “Мувофиқи пешгӯйиҳо Ҳинд ва Чин дар оянда бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон мешаванд. Аз ин рӯ, Ҳинд мехоҳад, нуфузе бештаре дар кишварҳои ҳамсояи худ дошта бошад. Сарфи назар аз ин ки дар кишварҳое чун Тоҷикистон, то кунун тақвият ёфтани мавқеи Русия ва Чин ба назар мерасад, вале ин ҳам истисно нест, ки бо гузашти замони муайяне Ҳинд метавонад ҳузури худро бо ин кишварҳо баробар кунад ва ҳатто аз онҳо пеш бигзарад.”
Ба гуфтаи вай, манофеи Ҳинд дар Тоҷикистон ба далели мухолифатҳои он бо Покистон аст, ки аз гуруҳҳои тундрав дар ҳудуди худ ва Афғонистони ҳамсоя пуштибонӣ мекунад ва ин гурӯҳҳо мустақиман ба амнияти Ҳинд ва дар маҷмӯъ тамоми минтақа таҳдид мекунанд.
«Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад»
Евгений Троитский - коршиноси рус, аз Маркази таҳқиқоти авруосиёӣ дар мақолаи илмии худ дар бораи сиёсати Ҳинд дар Осиёи Марказӣ гуфтааст: “Аз нуқтаи назари стротегиву низомӣ барои Ҳинд ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиати хос дорад, чунки ба Покистон ва Кашмир наздиктар аст”. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, баъди суқути Толибон дар Афғонистон Ҳинд ба тақвияти равобити суннатӣ бо тоҷикони Афғонистон (ки доимо дар муқобили Толибон буданд ) ва рушди равобит бо Тоҷикистон пардохт.
Соли 2002 Ҳинд дар Тоҷикистон дар бораи бозсозии фурудгоҳи низомии “Айнӣ”, ки дар 10 километрии Душанбе ҷойгир асту ҳамеша таваҷҷуҳи Маскаву Вашингтанро ҷалб кардааст, созишнома ба имзо расонд. Соли 2007 Ҳинд барои бозсозии фурудгоҳ бо ҳадафи дар оянда пайдо кардани ҳаққи иҷораи дарозмуддат ва эҷоди пойгоҳи низомӣ 70 миллион доллар харҷ кард Ҳинд омӯзиши халабонҳои низомии Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифт ва бар ивази он имкони ҷойгир кардани чархболҳои Ми-17-и худро дар фурудгоҳи “Айнӣ” ба даст овард. Вале тарҳ қатъ гардид.
Расонаҳо баъдан навиштанд, ки дар оғоз ин тарҳи Ҳинду Тоҷикистонро Маскав писандида буд, вале баъдтар бар асари норизоятии Кремл аз сиёсати наздикшавии Ҳинд бо Амрико ва тарҳ ях кард.
Марҳилаи нави тавсиаи ҳузур
Бар гуфтаи нозирон, фаъолияти Ҳинд дар Осиёи Марказӣ дар нимаи дуввуми солҳои 2000-ум, замоне, ки ба қудрат ҳукумати эътилофии Кунгураи миллии Ҳинд расид, коҳиш ёфтан гирифт ва дар оғози соли 2010 дар пасманзари тавсиаи ҳузури Чин дар минтақа дубор барқарор шуд.
Аммо тавре Гузел Майтдинова, профессори Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, “ҳифзи сиёсати хориҷии мустақил ба Ҳинд имкон медиҳад, ки миёни Чин, Амрико, Русия, Ҷопон, Иттиҳодияи Аврупо ва ғайра мувозинат нигаҳ дошта шавад. Ҳадафҳои сиёсати берунии Ҳинд ба татбиқи манофеи сиёсиву иқтисодии худ ва ҳамчунин ба тақвияти мавқеяш дар “чаҳоркунҷаи “Русия-Чин-ИМА-Ҳинд” нигаронида шудааст.”
Коршинос ба стротегияи сиёсати берунии Ҳинд ишора кард, ки дар он гуфта мешавад, ки кишвар набояд вориди муқовимат бо ИМА ва Чин шавад, зеро ин ба рушди иқтисодӣ монеъ шуда, равобити Ҳинду Чин ва суботи минтақавиро бад мекунад. Октябри соли гузашта дар сафари Шри Рам Натҳ Ковинда президенти Ҳинд ба Тоҷикистон 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
“Мо омодаем, бо Ҳинд дар бахши саноати куҳӣ, хусусан дар соҳаи коркарди фуллузот ва минералҳо – нуқра, сурма, симоб, сангҳои қимматбаҳо ҳамкорӣ кунем” - гуфт он замон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳиндустон ҳам дар он вақт ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои мухталиф 20 миллион доллари кӯмаки бебозгашт дод.
Хостаҳои номаҳдуд ва имконоти маҳдуд
Аввали имсол мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Муколамаи “Ҳинд-Осиёи Марказӣ” бо иштироки Афғонистон баргузор шуд, ки дар он тиҷорат, ҳамкориҳо дар бахши ҷалби сармоя, фанноварӣ, зарфиятҳои нақлиётиву иртибототии минтақа баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи профессор Гузел Майтдинова, ин ташаббус ба он маъност, ки Ҳинд ҳадаф дорад, равобит бо кишварҳои минтақаро мустақил ба роҳ бимонад. Вале шарқшиноси рус Игор Панкратенко бар ин назар аст, ки имконот ва хостаҳои Деҳлӣ дар мавриди Осиёи Марказӣ ба ҳам баробар нестанд.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳиндуҳо ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ бо роҳ ёфтан ба бозорҳо, рушди равобити тиҷоратӣ, ширкат дар истихроҷи маъодин мебинанд. Вале ҳамаи ин масоил марбут ба масъалаи ҳамлу нақл ҳастанд, ки ё тавассути Афғонистон ва ё ба воситаи марзи Туркманистону Эрон мегузарад. Ҳинд ин масъаларо ҳоло ҳал карда наметавонад”.
Ба ҷуз ин, ба гуфтаи коршинос ба фарқ аз чиниҳо ҳиндуҳо маблағҳои озоде барои пешбурди манофеи худ надоранд. Панкратенко бар ин назар аст, ки раҳбарони кишварҳои минтақа ба дарки зарурати ҳамкорӣ бо Ҳинд барои ҳифзи мувозинат дар равобит бо Чин расидаанд, вале ҳузури фаъоли Ҳинд дар минтақа танҳо баъди омадани сулҳ дар Афғонистон ва роҳандозии ҳамлу нақл тавассути ин кишвар имконпазир аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми гардиши молу коло ва ҳузури иқтисодии Ҳинд дар Тоҷикистон бо Чин қобили қиёс нест. Агар Чин яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва сармоягузорони Тоҷикистон аст, пас Ҳинд ҷойгоҳи на чандон қобили мулоҳизае дар иқтисоди кишвар дорад. Соли гузашта гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Ҳинд чизе болотар аз 10 миллион доллар будааст.
Комментарии (0)