Тоҷикистониёнро аз 1 сентябр болоравии навбатии тарифҳои нерӯи барқ интизор аст

Тоҷикистониёнро аз 1 сентябр болоравии навбатии тарифҳои нерӯи барқ интизор аст
Мувофиқи қарори санаи 22 июни соли равон қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам 22,66 дирам (бо назардошти ААИ) маблағ пардохт мекунад.

Тарифҳои нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло мераванд.

Тарифҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 55,14 дирам, истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ - 22,66 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати ҶТ - 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 7,87 дирам муқаррар шудааст.

Тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо - 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 10,76 дирамро ташкил хоҳанд дод.

Дар банди ҷудогонаи қарор Комибинаи металлургии Тоҷикистон зикр шудааст, ки аз 1 сентябр барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.

Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон - КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран аз 1 ноябри соли 2018 боло рафта буд.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20190711/toikistoniyonro-az-1-sentyabr-boloravii-navbatii-tarifoi-neri-bar-intizor-ast

Комментарии (0)

Оставить комментарий