Forbes рӯйхати сарватмандтарин чеҳраҳои маъруфро нашр кард
Нашрияи амрикоии Forbes рӯйхати солонаи 100 шахси дорои даромади баландтаринро нашр кард. Дар раддабандии соли 2019 мақоми аввалро ҳунарманд ва сарояндаи маъруф Тейлор Свифт касб кардааст. Даромади холиси солонаи ӯ 185 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар мақоми дувум Кайли Ҷеннер, хоҳари хурдии Ким Кардашян ва иштирокчии намоиши воқеият - "Хонаводаи Кардашянҳо" бо 170 миллион доллар даромад ҷой дода шудааст.
Мақоми севумро рэпсаро Кане Уэст (150 миллион доллар) ва ҷойи чаҳорумро бозигари дастаи футболи "Барселона" Лионел Мессӣ (127 миллион доллар) касб кардаанд. Сарояндаи машҳури бритониёӣ Эд Ширан дар мақоми панҷум буда, даромади ӯ 110 миллион доллар аст.

Комментарии (0)