"Латту кӯби маҳбус" - баъд аз шикояти модар
Ба агентии иттилоотии "Ҳамсинф" аз шаҳрванди ҶТ Норинисо Фозилова модари маҳбус Озод Қодиров мактуби шикоятие ворид шуд, ки муҳтавои он чунин аст:
"Салом. Номи ман Озод Қодиров. Баъди шикояте, ки модарам кард, масъулони маҳбас маро сахт латту кӯб намуда, аз по зада афтонданд ва ҳар як нозир ба рӯям зада, қариб буд чашмонамро кӯр кунанд. Онҳо таҳдид карданд, ки то боқӣ мондани адои ҷазо рӯзи хуб намедиҳанд...”
"Баданашро бо теғ буридааст"
Нома моҳи майи имсол ва дар 28 саҳифаи борик навишта шудааст. Қодирови 30-сола аз он шикоят дорад, ки пас аз муроҷиати наздиконаш ба Додситонии кул аз рӯи нозирони маҳбас шиканҷа нисбат ба ӯ зиёд шудааст. Озод Қодиров дар номаи худ аз президенти Тоҷикистон, Додситони кул ва созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Шоираи тоҷик Нориннисо Фозилова, модари Озод Қодиров бо агентии Хамсинф иброз намуд, ки номаро писараш ду моҳ пеш дар як вохӯрӣ ба дасташ дода буд. Аммо модар мегӯяд, аз тарси ин ки вазъи писараш бадтар нашавад, то имрӯз онро расонаӣ накард.Чанд вақт пеш талоши худкушии писар ин модарро водор кардааст, ки дархости кумак кунад.
“Рӯзи 14-уми декабр вохӯрӣ доштам. Ду рухсорааш кабуд буд. Барои чойдамкунӣ хестам, ки баданашро бо теғ буридааст. Бо ҳамин 3 рӯз истодам ва ӯро ором кардам. Ӯ аз зиндагии таҳти шиканҷа безор шудааст", - нақл кард Норинисо Фозилова. "Гуфт, ба куҷое муроҷиат мекунӣ, кун"Фозилова мегӯяд, дар пайи муроҷиаташ, додситонӣ ба тафтиш шурӯъ кард, вале дар хулосаҳои расмӣ шикояти шиканҷа шудани Озод Қодиров тасдиқ нашуд.
Ба гуфтаи Норинисо Фозилова, пас аз як моҳи ин тафтишҳо шиканҷаву азоби писараш сангинтар шуд. "Ба ғайр аз таҷовуз дигар ҳама корро дар ҳаққаш раво дидаанд. Таҳқир кардаву ба навор гирифтаанд", - афзуд ӯ.

Комментарии (0)