БОЗ СӮХТОР! ДАР БОЗОРИ “БИЛОЛ”-и МАРКАЗИ НОҲИЯИ ФАРХОР

БОЗ СӮХТОР! ДАР БОЗОРИ “БИЛОЛ”-и МАРКАЗИ НОҲИЯИ ФАРХОР
Шоми 5 июл бозори "Билол” дар маркази ноҳияи Фархор ба коми оташ рафт. Ин бозорча дар назди бозори марказии ноҳия ҷойгир шуда, дар он асосан меваву сабзавот, қисмҳои эҳтиётӣ мефурӯхтанд. Бозори "Билол” як ошхонаи пурмуштарӣ низ дошт, ки ба коми оташ рафтааст.
Дар видеое, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, бозор босуръат дар гирифта истодааст ва наворбардор шарҳ медиҳад, ки дар Фархор ҳамин ошхона ошхонаи хуб буд, вале ба коми оташ рафт. Бозори "Билол” шахсӣ буда, ба соҳибкори маҳаллӣ Фирӯз Шакаров тааллуқ дорад.
Дар соли 2017 ду бозори дигари Фархор низ дучори сӯхтор шуданд.
Ду рӯз пеш дар бозори ноҳияи бо Фархор ҳамсояи Ҳамадонӣ низ бар асари сӯхтор беш аз 10 дӯкон ба хокистар табдил ёфтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий