Марзбонони чинӣ дар телефони ҷаҳонгардон барномаи махфии ҷосусӣ насб мекунанд

Марзбонони чинӣ дар телефони ҷаҳонгардон барномаи махфии ҷосусӣ насб мекунанд
Ин талошҳо бахше аз ташдиди назорат бар минтақаи шӯришии Шинҷон аст, навиштааст нашрия. Ҳукумати Чин дар минтақаи аксар мусалмоннишин озодиҳоро маҳдуд карда дар кӯчаву масҷидҳо дастгоҳҳои видеии шинохти чеҳраҳоро насб кардааст ва сокинонро маҷбур мекунад, ки нармафзорҳои ҷустуҷӯкунандаи телефонҳояшонро боргирӣ кунанд.
Як таҳқиқоти нашрияи Guardian ва чанд шарики байналмилалии он нишон дод, ки сайёҳон ҳангоми кӯшиши ворид шудан аз ҳамсоякишвари Қирғизистон мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Марзбонҳои чинӣ телефонҳои хусусии онҳоро гирифта ба таври махфӣ барномаҳоеро боргирӣ мекунанд, ки тавони қироати имейл, матн, феҳристи тамосҳо ва ҳам иттилои дохили телефонро доранд.
Ҷаҳонгардон мегӯянд, ки марзбонҳои чинӣ дар ин бора ҳеҷ иттилои пешакӣ намедиҳанд ва намегӯянд, ки ин барнома барои чӣ хидмат мекунад ваё маълумоти дохилии он барои чӣ лозим аст.
Таҳқиқоте, ки дар ҳамкорӣ бо Süddeutsche Zeitung ва the New York Times анҷом шудааст, ба чунин натиҷа омадааст, ки телефонҳои мардуми убуркунанда аз посгоҳи марзии Иркештам пайваста мавриди тафтиш қарор мегирад.
Эдин Оманович, намояндаи гурӯҳи Privacy International ин ҳодисаро “хеле нигаронкунанда” номид ва гуфт, ки дар ин кишвар боргирии барномаҳои телефонӣ ваё матолиби хабарии “иштибоҳӣ” метавонад шахсро то зиндон барад.
Мутахассисону коршиносони фанновариҳои интернетӣ мегӯянд, ки барномаи ихтироъкардаи як ширкати чинӣ дар телефонҳои дорои барномаи ҳушманди Android барои мушаххас кардани маводе истифода мешавад, ки аз ҷониби мақомот “мушкилзо” арзёбӣ шудааст.
Дар миёни инҳо иттило ва маводи зиёди марбут ба ифротгароии исломӣ, аз ҷумла, маҷаллаи англисизабони Inspire ҳам ёд мешавад. Ин барнома аз ҷониби Ал-Қоида дар Халиҷи Араб сохта шудааст.
Барномаи боргиришудаи телефонӣ тавони филтр кардани маводи дигар, масалан, матолиби марбут ба Рамазон, адабиёти марбут ба Далай Лама, мусиқии гурӯҳи металликаи ҷопонии Unholy Grave ва дигарҳоро дорад.
Дар ин феҳрист инчунин навиштаи нависандаи амрикоӣ Роберт Грин ҳам ҳаст, ки “The 33 Strategies of War” ном дорад.
Ба иттилои расмии Чин ҳамасола ба минтақаи Шинҷони Чин тахминан 100 миллион нафар ворид мешавад. Дар миёни онҳо ҳам шаҳрвандони маҳаллӣ ва ҳам туристони хориҷӣ ҳастанд, ки аз нуқоти мухталифи дохили Чин ворид мешаванд.
Посгоҳи марзии Иркештам як нуқтаи ғарбитарин дар сарҳадҳои Чин мебошад, ки бахше аз шоҳроҳи таърихии Абрешим буда, аз ин посгоҳ маъмулан тоҷирону туристҳо ворид мешаванд.
Марҳилаи убур аз марз чанд бахшро дар бар мегирад. Дар навбати аввал мусофирон бояд телефону дигар дастгоҳҳо, масалан, наворгирҳояшонро боз карда супоранд. Ин дастгоҳро баъдан ба як утоқи ҷудогона бурда ва баъди муддате бармегардонанд.
Телефони iPhones ба як дастгоҳ насб мешаванд, ки маводи он нусхабардорӣ ё хонда мешавад. Ба телефонҳои Android апп ё барномае насб мешавад, ки айни чунин корро иҷро мекунад. Дар аксари ҳолатҳо вақти бозгардони телефон ба соҳибаш барномаи нав пок карда мешавад, вале бархе мусофирон мегӯянд, ки вақти бозгардони телефон, барномаи насбшударо дар экрани телефон дидаанд. Маълум нест, ки маводи дохили телефон ба куҷо мераванд ва барои чӣ муддат ҳифз ё захира мешавад.
Дар ҳоле, ки шаҳодати ба хотири маводи телефонаш пайгирӣ шудани турист вуҷуд надорад, маълумоти аз дохили телефон беруноришуда ба мақомот имкон медиҳад, ки роҳ ва макони сафари ӯро пайгирӣ кунанд.
Барномаи ҷосусӣ рамзи худро дорад, ки бо калимаҳои 蜂采 (Fēng cǎi) ифода мешавад. Ин ифода ба таври мустақим ҳамчун “замбӯрпарварӣ” тарҷума мешавад, вале ин ба ин маъно нест.
The Guardian бо як ҷаҳонгарде сӯҳбат кард, ки бо телефони Android дар даст аз сарҳади Шинҷон убур кард ва аз дидани барномаи насбшуда дар телефонаш нороҳат шуд.
Ӯ гуфт, дар посгоҳи марзӣ барояш гуфтанд, ки телефонашро супорад ва дастгоҳи ӯ ба як хонаи ҷудогона бурда шуд. Ба ӯву мусофирони дигар дар посгоҳи марзӣ гуфта шуд, ки ба афсари марзбон калидвожаашонро бигӯянд ва онҳо тахминан як соат мунтазир монданд, ки телефонҳояшон баргардонида шавад.
Ба ҳеҷ як нафари онҳо шарҳ дода нашуд, ки бо телефони онҳо чӣ кор карданд.
Танҳо баъдан ба ӯ як корманди оҷонсии сайёҳии байналмилалӣ дар Қирғизистон гуфт, ки дар сарҳад бо телефони онҳо “як коре мекунанд”. Ӯ гуфт, “мо хаёл кардем, ки ин як барномаи GPS ё роҳбалад аст”. Ба гуфтаи ин сайёҳ, корманди ширкати сайёҳӣ дақиқ медонист, ки дар телефони мо чизе гузошта мешавад.
Ӯ телефони худро санҷид ва нармафзори навро ҳамон замон ошкор кард. Ба гуфтаи ӯ сайёҳ, дар ҳеҷ ҷое ва нуқтаи марзии дигар дар Чин касе аз ӯ телефон напурсид ва замони тарки Чин кардан ҳам касе чизе нагуфт. Ӯ гуфт, ки аз доштани телефоне бо барномаи ҷосусӣ чандон нороҳат набуд, чунки, ба гуфтааш, дар Чин эҳсос мешавад, ки чунин дастгоҳҳои назорат аз мардум хеле зиёд ва дар ҳар сари қадам гузошта шудааст. “Ман инро дӯст намедорам. Агар онҳо чунин корро дар кишвари мо мекарданд, ман бисёр ба қаҳр меомадам. Вале вақте ту ба Чин меравӣ, медонӣ, ки як чизе мисли ин рух медиҳад”.
Оманович мегӯяд, ки телефонҳои ҳушманди дорои Android ваё iPhone-ҳо тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи шахсияти инсонро дар дохилаш ҷой кардаанд. “Ҳатто агар шумо фикр кунед, ки баъзе маълумотро аз телефонатон пок кардаед, ин мавод бемушкил дар дохили телефони шумо пайдо мешавад”.
Мая Ванг, пажӯҳишгари аршаде дар созмони байналмилалии Human Rights Watch гуфт: “Мо огоҳ ҳастем, ки сокинони Шинҷон, ба вижа мусалмонони туркнажод мавриди назорати ҳамешагӣ ҳастанд”. Ӯ гуфт, ки ҳатто хориҷиҳо ҳам мавриди чунин назорати фаннӣ қарор мегиранд.
Яке аз телефонҳое, ки дар дохилаш барномаи ҷосусии чинӣ насб шуда буд, ба дасти журналистон дар Олмон расид. Таҳлили он аз ҷониби мутахассисони фаннии Guardian, Süddeutsche Zeitung, Ruhr-University Bochum ва ширкати олмонии Cure53 ба чунин хулоса омад, ки маводи он барои нусхабардории маълумоти мисли имейлҳо ба сервер ё компютери афсари марзбон истифода мешуд.
Муаллифони ин таҳқиқот талош карданд назари мақомоти чиниро бипурсанд, вале то замони чоп шудани ин матлаб посухи онҳо дастрас нашуд.
Дар гузашта ҳукумати Чин аз фанновариҳои пешрафтаи ҷосусиаш ситоиш карда буд, ки барои назорат аз шаҳрвандон дар Шинҷон эҷод шуда, ба қавли мақомот, “ба хотири пешбурди амният дар минтақа хидмат мекунад”.

Комментарии (0)

Оставить комментарий