Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар манотиқи гуногуни кишвар

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар манотиқи гуногуни кишвар
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.  

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда мувофиқи маълумотномаи Шуъбачаи ташхисӣ-криминалистии ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров 500-дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” дарёфт ва гирифта шуд.

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан зани 35-солаи сокини деҳаи Қалъаи Арабро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. 

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 7000-дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения” дарёфт ва гирифта шуд. 

Ҳамин тариқ, кормандони милитсияи ноҳияи Зафаробод зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. 

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 500-дона маводи тарфгарии тамғаи “Трения”, “Соловей разбойник-Х011” дарёфт ва гирифта шуд. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий