ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ, ФАҲМИШИ МАФҲУМҲОИ «ЭКТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ» ДАР ЗАМОНИ КУНУНӢ
«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Вазъи сиёсӣ дар аксари давлатҳои олам дар замони кунунӣ муташанниҷ шуда истодааст. Даргириҳои ифротгаро, хушунату зӯроварӣ, дар баробари ин эктремизм ва терроризм дар саросари олам хуруҷ карда истодааст, ки ин боиси нигаронии тамоми давлатҳои дунё гардидааст.
Миллати тоҷик аз қадим бо далерию шуҷоатмандии фарзандони қаҳрамонаш, ки дар тӯли таърих бар зидди истилогарони аҷнабӣ мубориза бурда Ватанро ҳифз намуданд, мефахранд. Корнамоиҳои Шераку Спитамен, Деваштиҷу Темурмалик, Восеъ ва дигар абармардони тоҷик то ҳанӯз фаромӯш нашуда, наслҳои имрӯзаи халқи мо аз онҳо ибрат мегиранд. Мутаассифона, дар рӯзгори мо низ хоинон ва ватанфурӯшоне вуҷуд доранд, ки довталабона муқаддасоту арзишҳои миллиро зери по мегузоранд, ба сафи душманон пайваста ба муқобили Ватан, миллат, оила ва хешу табори худ мубориза мебаранд.
Мисоли гӯёи ин амали нангин Гулмурод Ҳалимов, собиқ сардори воҳиди таъиноати махсуси ВКД ҶТ (ОМОН) мебошад, ки бо мақсади мубориза бурдан ба муқобили Ватан ва арзишҳои миллии тоҷик аз Тоҷикистон ба Сурия фирор намуда, ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ки бо қатли оммавии занону кӯдакон ва ҳазорон мурдуми бегуноҳ дар ҷаҳон даҳшатафканӣ мекунанд, ҳамроҳ гардидааст.
Месазад қайд кард, ки худи мафҳуми «экстремизм» чист?
Экстремизм ин ташкилотҳои ифротгарое мебошанд, ки дар заминаи хушунату зӯроварӣ асос меёбанд. Билохира ин мактаб аст. Ин мактабе аст, ки душманони дини мубини ислом худро мусулмони комил гирифта барои бо роҳҳои таблиғотию тағриботӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳокимият дар ин ё он давлат кушиш ба харҷ дода, ба ин васила дар ҷаҳони ислом, ба номи ислом иснод оварданӣ мешаванд ва ҳоло низ оварда истодаанд. Ба ин мактаб бисёртар одамони гумро, аз ҷумла ҷавонписарону ҷавондухтаронро васоити ваъдаҳои бардуруғ, аз қабили (додани маблағи калони пулӣ, мансаб, ҷоҳу ҷалол ва ғайраҳо) ба дом меандозанд. Дар ин мактабҳои эктремистӣ ба онҳо машқҳои шадиди нораворо меомӯзанд, ки хушунату зӯроварӣ, надида гирифтани касеро , сарзаниву сарбуриданҳо, худкушиҳо ва ғайраҳоро дар бар мегиранд.
Ногуфта намонад, ки анна ҳамин мактаб зинаи авали терроризм буда, аз ҳамин мактабҳои эстремистӣ террористони ботаҷрибаи моҳияти ҷаҳонӣ, ба монанди Усан Бен Ладен, Гулбиддин Ҳикматёр, Масхатдов, Мулло Умар ва ғайраҳо баромаданд ва баромада истодаанд, ки дар маҷмӯъ бисёр як хатари ҷиддиро дар аксари давлатҳо ба миён меоваранд.
Акнун меоем ба сари мафҳуми «терроризм». Терроризм мафҳуми бисёр васеъро дар бар мегирад. Дар таркиби он ифротгароӣ ҳаст, хушунат ҳаст, зӯроварӣ ҳаст, исёнгароӣ ҳаст, надида гирифтан ҳаст, ҳамеша аз чизе ё аз кассе норозӣ будан ҳаст, талоши ба сари қудрат ғайриқонунӣ омаданро ифода мекунад.
Террорист ба худ Ватан надорад, сарҳад надорад, падару модар надорад, зану фарзанд надорад. Аз баҳри онҳо гузаштааст. Баҳри чӣ мубориза мебарад, ҳадафашро намедонад. «Вале аз ҳадафҳои вайронкорӣ, валонгорсозӣ, хушунату зӯроварӣ, табаддулот кардан,одамрабоӣ, одамони бегуноҳро ба қатл расонидан, худкушӣ кардан ва ба ин васила соҳибҷаннат шуданро ба хубӣ омӯхта, аз худ кардааст» Аммо дар асл гумон мекунам, ки ин тавр нест. Чунки худкушӣ кардану касеро ба қатл расонидан, ин ғазаби Худовандро овардан аст, на шаҳид шудану на соҳибҷаннат шудан аст. Онҳе, ки ба ин роҳҳо мераванд, дар ин ҷода иштибоҳи бузурге мекунанд.
Магар ба ин давлат ва ё ба он давлат рафта ҷангидан, хуни касеро ноҳақ рехтан ба ягон қонуни башарият ва шариати ислом на рост меояду на раво аст.
Бинобар ин, онҳое, ки Ватани худро тарк карда, масалан, ба давлатҳои Ироқу Шом, Сурияву Афғонистон, Африкой ҷанубиву марказӣ, аз ҷумла, ба Кения, Зимбабве, Сомалӣ, Нигерия, Замбия ва дигар кишварҳои олам аз пайи ҷустуҷӯи шаҳид шудан, аз пайи ҷустуҷӯи соҳибҷаннат шудан мераванд, онҳо ҳаргиз ин роҳҳоро дарнамеёбанд. Чунки сафари онҳо ба мақсади хун рехтани инсонҳо аст. «Онҳо барои Ватани худро ҳимоя кардан нарафтаанд онҳо барои ҳимоя кардани волидайну хешутабори худ, қавми худ нарафтаанд, ки дар ҷангу муҳорибаҳои нобаробар шаҳид шаванду роҳи Ҳақро пойдор сохта ва ба ин васила соҳибҷаннат ё соҳибдавлат бигарданд», онҳо барои бойгарӣ, дарёфти ҷоҳу ҷалол, нуфузи баландро соҳиб шудан рафтаанд ки ба хатоии маҳзи ислоҳнашаванда роҳ додаанд.
Шумо кормандони яке аз рукнҳои мақомотҳои ҳифзи марзу буми ин давлати зебову бофарҳанг ҳастед. Фаромӯш накунед, ки Дзержинский Феликс Эдмундович гуфта буд «органҳои ҳифзи ҳуқуқ оинаи давлат мебошанд», манн ба ин гуфтаҳо илова карда, гуфтанӣ ҳастам, ки баробари тозаву озода будан, қалби пок доштан, Шумо ҳамзамон чашму гӯши давлат ҳастед. Бинобар ин, фаромӯш насозед, ки ноҳияҳои Шӯробод, Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, Қумсангир, Шаҳритус, ноҳияҳои сарҳадӣ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, Шумо ҳамеша зираку ҳушёр бошед, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, ин бошад, мақсаду мароми мову шумо мебошад. Чӣ тавре шоир фармудааст.
Эмин аз душмани хомӯш шудан мумкин нест.
Хатари роҳравон аз саги ғофилгир аст.
Афғонистони бо мо дӯст бародар дар коми оташ аст ва дар гирдоби ғам аст. Қувваҳои мухолифин бо ном «толибон» ба ҳар гунна роҳҳои террористиву муташаккилона содир кардани ҷиноятҳои басо мудҳишу вазнин, аз қабили одамкушиҳо, сар аз тан ҷудокарданҳо, сангсоркарданҳо, ки онҳо даҳшат ҳастанд. Ҳукумати қонунии ин кишварро ба тарсу ҳарос андохта, азобу шиканҷаҳо қарор медиҳанд, ки худ соҳиби давлат шаванд. Аммо ин роҳи дурусти ҳалли масъала нест.
Аз ин хотир, вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳонро ба эътибор гирифта, пешниҳод мекунам, ки дар рӯзҳои наздик дар ҳамин ноҳияҳо як ҷамъомади бонуфуз бо иштироки раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳои ноҳияҳои зикршуда дар мавзӯи «Зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем» баргузор карда шавад. Аз раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо изҳори хоҳиш карда шавад, ки дар гирду атрофии худ одамони боваринокро ҳарчӣ зиёдтар муттаҳид сохта ва ба ин всила зиракии сиёсиро пурзӯр намоянд. Баҳри ошкор намудани унсурҳои бегонаву хатарнок чораҳои таъғирнопазир андешанд.
Яке аз масъалаҳои хурсандибахши ҷомеаи имрӯза ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рисолати ӯ мебошад, тибқи Қонуни ҶТ дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат» роҳандозӣ шуд.
Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас пешвои миллат будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Шахсиятҳои бузург, чунон ки мо аз осори аддабию таърихии гузаштаи халқамон медонем, мавқею нуфузи худро тадриҷан ба воситаи иқдомҳои шоистаи ватандӯстона ва бунёдкорию созандагӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт намоянд, ки он воқеан барои наслҳои оянда намунаи пайравӣ ва маншаи ифтихор аст. Чунин шахсият дар таърихи миллати тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар бораи корномаи сиёсӣ ва таъриашон олимон, сиёсатмадорон, таърихшиносон, рӯзноманигорон ва адибони тоҷик осори зиёде ба таълиф расонидаанд, ки ҳар яки онҳо аз корнамоиҳо, ҷасорату диловарӣ ва иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлати тоҷикон қисса мекунанд.
Иброҳимов Грез
дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Комментарии (1)