Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати Радиои Озодӣ

Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати Радиои Озодӣ
Вазорат дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 3-уми июл Радиои Озодиро ба инъикоси нодурусти воқеиятҳо дар Тоҷикистон муттаҳам карда ва эълон намудааст, ки маводи интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба хонандагону шунавандагон хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод менамояд.
Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар пайи дархости раёсати “Родиои Озодӣ” барои барқарор намудани иҷозатномаи кори хабарнигорон интишор шудааст. 
Вазорати хориҷа таъкид кардааст, матлабҳое, ки дар расонаҳо дар бораи фаъолияти "Радиои Озодӣ", дақиқтараш сабти ном накардани  баъзе аз кормандони он нашршудааст беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ хондааст.
Вазорати умури хориҷӣ иддао кардаастки "Радиои Озодӣфазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурдахилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣбайналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.
Инчунин вазорати хориҷа қайд намудаастки маводди интишории "Радиои Озодӣба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣиқтисодӣиҷтимоию фарҳангии кишварбаръакс дар шакли моҷароҷӯёна ва иғвоангез ба хонандагону шунавандагони васоити ахбори омма хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод мекунанд.
Дар ин хусус фаъолияти "Радиои Аврупои Озодмуқобили моддаи II-и Низомномаи "Радиои Озодӣбудабино ба моддаи мазкур "Радиои Озодӣуҳдадор астки иттилоотро дар асоси далелҳои муътамад паҳн намудадастрасӣ ба хабарҳои  воқеиро таъмин намоядба таҳкими  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат намояд”, - гута шудааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радиои Озодӣ барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад
Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунад. Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки билофосила аккредитатсияи хабарнигоронро тамдид кунанд”
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2016 Вазорати умури хориҷаи Точикистон дар як рӯз иҷозатномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодиро барои гузориш додан дар бораи духтари президенти Тоҷикистон бекор карда буд, аммо пас аз фишори ҷомеаи байнулмилалӣ маҷбур гашта иҷозатномаи кори онҳоро дубора барқарор намояд.
 

Комментарии (0)

Оставить комментарий