КШНГЗСТ ВА ҲНИ ДУ ТИРИ ЯК КАМО

КШНГЗСТ ВА ҲНИ ДУ ТИРИ ЯК КАМО
Бадбахтарин кас ҳамонест, ки дар шинохти худу ҳамватанон ирода надорад. Аниқтар, «тазоҳуротчиён» баъди эҳтимоли ба додашон нарасидану аҳмият надодан ба «муқовимати сиёсии осоишта» дар Олмон роҳ сўи Бундестаг пеш гирифтанд. Ба гунае, ки Бундестаг ба «арзу доди» онҳо мерасида бошад, гурўҳи 30- нафара назди онҷабру дод гуфтанд. Ва, баъдан аз натиҷаи фаъолияти ба ном «кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон», ки худро пуштибони тамоми неруҳои мухолифи ҳукумати вақт меҳисобанд, назди Бундестаг ному нишон намонд. Аниқтараш, «кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» дар назди Бундестаг ниқоб аз рўй бардошт ва якбора ба «бузургтарин ҳизбӣ мухолифи ҳукумат–ҳизби наҳзати исломӣ» табдил ёфт.

     Вуруди худро ба Аврупо ба хотири «дигарандешӣ» муаррифӣ сохта, дастандаркорони «тазоҳурот» дар назди Бундестаг худро чунон «бегуноҳ» муаррифӣ кардан хостанд, ки ба монанди моҳӣ дар оби соф. Хуб мебуд ин тоифа «шарафмандон» як бор андеша мекарданд, ки дар Тоҷикистон ҳаққу ҳуқуқи зиндагӣ карданро доштанд, агар ба қонун эҳтиромро қоим мебуданд. Ё дар Аврупо қонун нест ва касе чӣ гуна хост ҳамон тавр амал мекунад? Ба ибораи дигар, ин тоифа демократияро дар шакли идоранашаванда меҳисобанд ва ҳар кас чизе хост бояд онро ба хости дилаш амалӣ кунад? Агар ба он тарзе, ки ин «паноҳандагони сиёсӣ» демократияро маънидод мекунанд, пас тақдири давлатдорӣ чӣ мешавад!? Оё, демократияи аврупоӣ ба фарҳангу қавоини миллии мо рост меояд? Агар чунин аст ин «шарафмандон» метавонанд онҷо тани урён дар кўчаҳои Аврупо бо ҳамон шиорҳои ҳангомаҷўёнаашон гарданд.

         Ё чизи дигар магар соли 1992 шумову падарони маънавии шумо «шарафмандон» набудед, ки дар фурудгоҳи пойтахт президенти қонуни давлат Раҳмон Набиевро бо таҳдиду хушунат аз қудрати давлатдорӣ дур сохтед? Ва, имрўз ин амали хоинонаатонро сари ҳукумати вақт бор мекунед. Мантиқ куҷост, ҷанобони «шарафманд»!

         Биёед рўи рост, иқрор шавем дар Осиёи Миёна баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар кадом давлатҷангу хунрезӣ аланга зад! Баҷуз Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дигар дар ягон давлати Осиёи Миёнаҷангу хунрезӣ чунин бераҳомона шакл нагирифта буд.
Сабабу омилҳоиҷанги шаҳрвандӣ ҳамон фаъолияти ѓайриинсонию тафриқаандозии ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки то имрўз дарди он аз пайкари миллат зудуда нашудааст. Мардумро бо роҳи фиреб ба майдон кашидаву ба ивази хуни садҳо ҳазор хуруду бузурги аз сад гул як гулашон нашукуфта муддате давлат рондед.

         Дар асл «изҳори умед»-у «шарафмандӣ»-атон дигар ҷурми шумо- асолатбохтаҳоро назди мардуми Тоҷикистон соҳибмақом намесозад. Агар худро қатл ҳам кунед шумо ва шумо барин «шарафмандон» барои мардуми Тоҷикистон як умр хоин мемонед.
         Иродаи сиёсии тамоми мардумро дар Тоҷикистон ягон ҳизбу нерў дигар карда наметавонад. Алораѓми ҳама бадгўиҳо Тоҷикистон пеш меравад, ба сўи рўзгори босаодат ва зиндагии арзандаи ҳар як сокини кишвар.

Назарзода Т.М-раиси Кумитаи иҷроияи  
ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

Комментарии (0)

Оставить комментарий