Интиқоли охирин маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Афғонистон ба Тоҷикистон

Интиқоли охирин маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Афғонистон ба Тоҷикистон
Афғонистон охирин гурӯҳи маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои худ ба Тоҷикистон интиқол дод.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 2-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, охирин гурӯҳи 8-нафараи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон, ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Оқои Имомов аз шарҳи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд ва танҳо таъкид кард, ки бо ирсоли ин гурӯҳ, дар Афғонистон дигар ҳеҷ маҳбуси тоҷик боқӣ намондааст.

"80 нафарро интиқол додан осон аст?"

Дар посух ба ин иқдоми Афғонистон, ҷониби Тоҷикистон ҳам дар назар дорад ба зудӣ гурӯҳе аз маҳбусони афғонро аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳад. Шарофиддин Имомов иброз дошт, ки масъалаи интиқоли 80 тан аз маҳбусони афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, мавриди баррасӣ қарор дорад. "Расман таслим кардем, лекин мавзӯи интиқолашон дар миён аст, ки аз кадом масир интиқолашон диҳем. 80 нафарро интиқол додан осон аст?", афзуд дипломати тоҷик.

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки бар асоси созишнома миёни ду кишвар дар мавриди истирдоди маҳбусон, Тоҷикистон на ҳамаи маҳбусони афғонро интиқол медиҳад. Зеро ба гуфтаи Шарофиддин Имомов, тибқи талаботи созишнома, миёни маҳбусони афғон афроде, ки ба ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндонӣ шудаанд ва ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, интиқол нахоҳанд ёфт.

"Масалан, касеро, ки омада дар Тоҷикистон аъмоли сангини террористӣ анҷом додааст, ки боз ба кишвари мо таҳдиди амниятӣ дорад, интиқол намедиҳем. Ё қочоқбаре, ки омада аскари моро захмӣ кардааст. Онҳое интиқол дода мешаванд, ки ҷиноятҳои сабуктар кардаанд".

Раббонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон интиқоли зиндониёнро хост

Интиқоли охирин гурӯҳи маҳбусони тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар нимаи дувуми моҳи майи имсол Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо пахши як баёнияи расмӣ гуфт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки 80 зиндонии афғонро барои адои ҳукм ба кишварашон мефиристад.

Дар баёнияи расмии ин вазорат аз рӯзи 16-уми майи имсол омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зимни мулоқот бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар Душанбе суҳбат кардааст. Тибқи ин баёния, Салоҳиддин Раббонӣ хоҳони интиқоли 80 тан аз зиндониёни афғон ба Афғонистон шуд ва дар муқобил Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки 80 зиндонии афғон ба зудӣ ба Афғонистон интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттиллои Сафорати Афғонистон дар Душанбе, феълан беш аз 90 маҳбуси афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки умдатан барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунӣ, боздошт ва маҳкум шудаанд.

Созишномаи истирдоди зиндониён

Зимнан, дар соли 2010 миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи истирдоди зиндониён созишнома ба имзо расид ва ин санади ҳуқуқӣ аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб шудааст. Дар чорчӯби ин созишнома соли 2013 як гурӯҳи 14-нафарии маҳбусони афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Кобул интиқол дода шуданд.

Дар посух ҷониби Афғонистон ҳам чанде аз маҳбусони тоҷик дар Афғонистонро ба кишвар истирдод намуд. Ҳамчунин ин кишвар дар чанд ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои мухталиф гумонбар мешуданд, баъди боздошт дар хоки Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод намудааст.

Дар ин миён ҳолатҳе буд, ки бархе зиндониён ва боздоштшудаҳое аз интиқол ба Тоҷикистон саркашӣ карданд ва бархе аз созмонҳои ҳуқуқи инсон ҳам дар пай чунин саркашиҳо мегуфтанд, дар сурати бозгашт ба ватан аз ҷониби ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон эҳтимоли шиканҷа шудан вуҷуд дорад.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад ва яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳар сол мақомоти интизомӣ аз боздошти қочоқбарони афғон гузориш медиҳанд ва ё дар муқобила бо қочоқбарони мусаллаҳ онҳоро мекушанд. Айни замон дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯи афғон зиндагӣ мекунанд ва даҳҳо нафари дигар дархости паноҳандагӣ кардаанд.
https://www.ozodi.org/a/tajik-prisoners-transfered-from-afghanistan-to-tajikistan/30032998.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий