Тарафдорони оппозитсияи тоҷикро аз ҷаласаи Созмони Милал берун карданд
Рӯзи 1 июл намояндагони оппозитсияи тоҷикро аз иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария берун кардаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 2 июл дар ин иҷлосия вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ихроҷи намояндагони оппозитсия, аз ҷумла аъзои "Гурӯҳи 24” ва намояндагони Паймони миллӣ, бо шумули Темур Варқӣ ва Ҷамшед Ёров бо дархости созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки низ дар ин иҷлосия ҳузур доранд, сурат гирифтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон ба мақомоти Созмони Милал гуфтаанд, ҳузури онҳо дар як толор бо намояндагони аҳзоби дар Тоҷикистон мамнӯъ ба амнияти онҳо дар Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Бо ин ҳол, субҳи 2 июл намояндагони мухолифин дар як мулоқоти алоҳида бо мақомоти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева масоили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба риштаи баҳс кашиданд.
Ихроҷи намояндагони оппозитсияи тоҷик аз иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 2 июл дар ин иҷлосия вазъи ҳуқуқи Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Аъзои ин кумита дар ин бора гузориши расмии ҳукумати Тоҷикистон ва гузоришҳои алтернативии созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро хоҳанд шунид. Ин нахустин баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби ин Кумитаи СММ дар пайи баррасии қаблиест, ки ҳанӯз соли 2013 сурат гирифта буд.
Мақомоти Тоҷикистон бояд ба Созмони Милал посух бидиҳанд, ки дар ин муддат чӣ тағйироте дар масъалаи ҳуқуқи инсон сурат гирифт ва чаро ҳукумат бисёре аз тавсияҳои 6 сол пеш додаи Созмони Милалро то ҳол иҷро накардааст?

Комментарии (0)