Facebook чораҳои муборизаро бо дурӯғпароканӣ эълон кард
Шабакаи иҷтимоии Facebook як силсила қоидаҳои навашро нашр кард, ки барои пешгирӣ аз нашри ахбори дурӯғ дар ин расона равона шудаанд. Аз ҷумла он даъватҳои ширкат накардан дар интихоботро манъ мекунад.
Ҳадаф аз қоидаҳои нав роҳ надодан ба ҳуққабозӣ бо афкори ом дар корзори интихоботии соли 2020 дар Амрико ва маъракаи саршумори аҳолии ин кишвар дар соли оянда аст. Соли гузашта шабака нашри маводи таблиғотии дурӯғ ва ҷустор ё постҳои беасоси марбут ба ҷой ва замони раъйдиҳиро манъ карда буд.
Ин дар золест, ки шабакаи Facebook барои роҳ доданаш ба кори "фабрикаҳои ҷавоб" дар арафаи интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 шадидан танқид мешавад. Намояндагони ҳукумати Амрико аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки чунин шеваи корба маъракаи саршумори аҳолӣ дар соли 2020 низ таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Нуфусшуморӣ дар Амрико ҳар даҳ сол баргузор шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дониста мешавад, зеро тақсими садҳои миллиард доллар ва таъйини марзи ҳавзаҳои интихоботӣ ба натиҷаҳои он бастагӣ доранд.

Комментарии (0)