“Марди роҳ”: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи президент

“Марди роҳ”: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи президент
Дар Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи филми “Марди роҳ” доир гардид, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии “Сафина” доир ба ҳаёту фаъолияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, ки ташаббускори ин иқдом аст, дар ин робита хабар доданд, ки филм дар тамоми мактабҳои олии кишвар намоиш дода шуд.


Намоиши филм ҳамчунин дар дар толори маркази “Вефа бо ҳузури 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо баргузор шуд.

Пас аз намоиши филм аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем”-и Кумита бо тақсим намудани нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои муаззами миллат таҷҷасум ёфтаас, таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор мекунам”, “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат” аксияҳои тарғиботӣ баргузор шуд.
https://news.tj/tj/news/tajikistan/power/20181220/mardi-ro-tamoshoi-dastaamonai-film-dar-borai-prezident



Комментарии (0)

Оставить комментарий