Маоши миёна дар Тоҷикистон то 138 доллар боло рафт
Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон моҳи октябр то 1 ҳазору 302 сомонӣ (138 доллар) боло рафт.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ пас аз афзудани маоши кормандони буҷет ҳаҷми миёнаи он дар кишвар 14% зиёд шуда, 1 ҳазору 265 сомонӣ (134 доллар)-ро ташкил дод.
Дар муқоиса бо моҳи сентябр бошад, сатҳи маоши воқеӣ (бо назардошти таваррум) 2,1% афзуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Маоши аз ҳама баландтарро дар Тоҷикистон кормандони бахши миёнаравии молиявӣ (бонкҳо) – 3 ҳазору 186 сомонӣ (338 доллар) мегиранд.
Дар идома кормандони саноати истихроҷу кӯҳкорӣ – 2 ҳазору 550 сомонӣ (270 доллар) ва сохтмон – 2 ҳазору 476 сомонӣ (263 доллар) қарор доранд.
Музди меҳнати миёнаи кормандони соҳаи электроэнергетика ва обтаъминкунӣ ба 1 ҳазору 546 сомонӣ (164 доллар) баробар шудааст.
Маоши миёнаи кормандони бахши кишоварзӣ ва шикор, ки 541 сомонӣ (57 доллар)-ро ташкил медиҳад, аз ҳама пасттар аст.
Бино ба маълумоти таҳқиқоти “Мактаби олии иқтисодӣ (Русия), соли гузашта маоши нисбатан пасттар байни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон – 137 доллар ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнати миёна дар Қазоқистон – 459,1 доллар, Беларус – 421,9, Озарбойҷон – 306,7, Молдова – 308,4, Украина – 272,9 ва Қирғизистон – 216,3 долларро ташкил додааст.
Музди меҳнати баландтарин байни кишварҳои ИДМ соли гузашта дар Русия (600 доллар) ба қайд гирифта шудааст.
Комментарии (0)