Трамп: "Эрон бо оташ бозӣ мекунад". Теҳрон: "Ба фишорҳо тан намедиҳем"
Президенти Амрико пас аз эълони хабари афзоиши ураниуми ғанишуда аз сӯи Эрон, гуфт, Ҷумҳурии исломӣ "бо оташ бозӣ мекунад". Вазири умури хориҷии Амрико низ ба ин таҳаввулот вокуниш нишон додааст. Эрон мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба фишорҳои Амрико тан намедиҳад.
Рӯзи душанбеи 1-уми июл ҳамзамон бо изҳороти вазири умури хориҷии Эрон, Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ таъйид кард, ки мизони захираи ураниуми ғанишуда дар Эрон аз 300 килогарм меъёри таъйиншуда дар созиши ҳастаӣ гузаштааст. Эълони ин хабар вокунишҳои байналмиларо дар пай дошт.
Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи душанбеи 1-уми июл дар Кохи Сафед дар посух ба ин пурсиш, ки "оё паёме барои Эрон дорад", гуфтааст, паёме надорад, аммо Эрон медонад, ки чӣ кор мекунад ва ин кор "бозӣ бо оташ аст".
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки созиши ҳастаӣ бо Эронро тавофуқи "нокоромад" медонад, дар моҳи майи соли 2018 Амрикоро аз ин созиш берун кард. Вашингтон хостори музокироти нав бо Эрон дар робита ба барномаи атомӣ ва масъалаҳои дигар шудааст. Теҳрон ва дигар тарафҳо дар моҳҳои гузашта ба ин созиш пойбанд монданд, аммо бо афзоиши таҳримҳо ва коҳиши назарраси нафт, Эрон дар ҳафтаҳои ахир чораҳои наверо дар пай гирифтааст.
Рӯзи якуми июл Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар се кишвари аврупоӣ -- Фаронса, Бритониё ва Олмон ба ӯҳдадориҳои худ амал кунанд, эъне хариду фурӯши нафт ва муомилаҳои худро барқарор кунад, "Эрон низ иқдомоти худро ба ақиб бозмегардонад". Оқои Зариф дар айни ҳол гуфтааст, Эрон "созиши ҳастаиро нақз накардааст". Ӯ ҳамзамон гуфтааст, Эрон ҳеҷ гоҳ ба фишори Амрико тан намедиҳад.
Амрико мегӯяд, ин ки дар созиши ҳастаӣ ба Эрон иҷоза дода шуд, то ба дараҷае ба ғанисозии ураниум идома бидиҳад, "иштибоҳ буд". Ба гуфтаи Кохи Сафед, "ҳатто пеш аз шаклгирии созиши атомӣ ҳам шакки чандоне вуҷуд надошт, ки Эрон нуқтаҳои онро зери по мегузорад". Ҳукумати Доналд Трамп мегӯяд, ҳамроҳ бо муттаҳидони худ "ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод Эрон силоҳи атомӣ бисозад".
Вазири умури хориҷии Амрико ҳам дар паёми твитерии худ гуфтааст, ҳукумати Эрон "як бори дигар аз барномаи ҳастаиаш барои боҷ гирифтан аз ҷомеаи байналмилалӣ ва таҳдиди амнияти минтақа истифода мекунад". Аммо ҳукумати Эрон ҳамеша иттиҳомот дар мавриди талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад карда ва мегӯяд, ки барномаи атомиаш "сулҳомез аст".
Ураниуми ғанишударо ҳамчун маводи сӯхт дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мебаранд, вале аз он метавон бомби атомӣ низ сохт. Таниш байни Амрикову Эрон баъди даст кашидани Иёлоти Муттаҳида аз созиш ва ҳамлаҳои чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Уммон ва наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз афзоиш ёфт ва шиддат дар минтақа бештар шуд. Вашингтон гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба киштиҳои нафткаш кори дасти Эрон аст, иддаое, ки Теҳрон рад мекунад.
https://www.ozodi.org/a/30032404.html

Комментарии (0)