Эрон маблағгузориро ба идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” барқарор мекунад
Тоҷикистон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки барои идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”, ки қисмати маркзи кишварро бо вилояти Суғд мепайвандад, воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.
Зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён нимаи моҳи гузашта дар Душанбе зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе масъалаи маблағгузорӣ ба ин иншоот баррасӣ шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Худоёрзода ба ҷониби Эрон пешниҳод намудааст, ки дар марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” иштирок кунад.
Дар марҳилаи дуюм анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низоми рӯшноидиҳанда, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳамчунин низоми назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои иҷрои корҳои дар боло зикршуда дар маҷмӯъ 8 млн. доллар маблағ зарур аст.
Тибқи гуфтушунидҳои пешини ҷонибҳо, барои амалисозии ин марҳилаи лоиҳа Эрон ва ҳукумати Тоҷикистон ҳар кадоме бояд 4 млн. доллар маблағ ҷудо кунанд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои маблағгузории он ба тавофуқ расиданд.
Қобили зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 ба Эрон пешниҳод намуда буд, ки барои ба кор андохтани низомҳои ҳавокашӣ, рӯшноидиҳанда ва бехатарӣ аз сӯхтор дар нақб воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.
Лекин баъдан муносибатҳо байни давлатҳо ба сардӣ гароида, дар робита ба мавҷуд набудани маблағгузорӣ, ин корҳо иҷронашуда боқӣ монданд.
Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн.
доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд.
Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардид. Лекин бинобар сабаби ба хатогиҳо роҳ додан дар лоиҳакашӣ, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.
Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард. Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.
Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20190701/eron-mablaguzoriro-ba-idomai-sohtmoni-nabi-istilol-bararor-mekunad

Комментарии (0)