Суббота 4 января 2025 г.

Ронандаҳои беномус дастгир шуданд. Офарин ба РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе (ФОТО)

Ронандаҳои беномус дастгир шуданд. Офарин ба РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе (ФОТО)


Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбарони саҳифаи интернетии “Фейсбук”-ро оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Раҳимӣ (собиқ маҳаллаи Профсоюз) мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.

Муроҷиати мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, аломати қайди давлатиаш 4778 СВ 01, шаҳрванд Имомов Икромҷон Ҷураевич, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, аломати қайди давлатияш 0080 ЕЕ 01, шаҳрванд Ғолибов Эмомалӣ Даҳмардаевич, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, номбурдагон дар ҳақиқат воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар ба таври ғайриқонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфтаанд.

Бо дарназардошти ҳолати мазкур, автомашинаҳои дар расм инъикосгардида ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати соҳибонашон барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирии вайроннамоии дағалонаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бартарафсозии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва таваққуфи нодуруст дар истгоҳу дигар ҷойҳои номуайяншуда, аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт амалиёти шартии “Истгоҳ” гузаронида шуда истодааст, ки дар натиҷаи он як қатор қонуншиканиҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби ронандагон ошкор карда шуда, автомашинаҳои қоидавайронкунанда бо воситаи автомашинаи хизматии эвакуатор ба майдончаҳои ҷаримавии БДА дастрас карда мешаванд.

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. 

Суроғаҳои электронӣ: 
Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе” 
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00
http://vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/22228-barrasii-mavodi-in-iko8683858ejsbuk

Комментарии (0)

Оставить комментарий


0