Оғози саммити "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Осака
Дар шаҳри Осакаи Ҷопон имрӯз, 28 июн саммити "Бистгонаи бузург" - G20 оғоз хоҳад шуд. Он ду рӯз идома мекунад. Дар саммити G20 раҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Русия, Фаронса, Чин, Испания, Ҳиндустон ва Мексика иштирок мекунанд. Дар ҳошияи саммит мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА - Владимир Путин ва Доналд Трамп дар назар аст.
Намояндаи президенти Русия пештар гуфта буд, ки ҷонибҳо масъалаи суботи стратегӣ ва низоъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Украина, Сурия, нимҷазираи Корея, Афғонистон, Венесуэла ва "барномаи Эрон"-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дар Кохи Сафед гуфтанд, мулоқоти Трамп бо Путин яке аз вохӯриҳои шахсии ӯ дар доираи саммит аст.
Мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА, ки қарор буд, охирҳои соли гузашта дар доираи саммити пешини "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес анҷом шавад, баргузор нашуд. Ба он боздошти 24 маллоҳи украинӣ аз сӯи марзбонони рус дар соҳилҳои нимҷазираи ишғолии Қрим сабаб шуд. Маллоҳони украин то ҳол дар ҳабсанд.

Комментарии (0)